Арзан
Просо обыкновенное | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Panicum.
|
||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||
Panicum miliaceum L., 1753 | ||||||
Мутародифот | ||||||
|
||||||
|
Арзан, говарс, говарса, духн (лот. Panicum miliaceum) — рустаниест ғалладона.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш (2 — 10 буғум дорад) рости шохаронда, то 1,5м қад мекашад (буттааш аз 1 — 5 поя иборат аст). Баргаш дарози нӯгтез (дарозиаш 18 — 65 см, бараш 4,5 — 4см), паИМАкдор. Хӯшагулаш туғшакл, парешон ё ғунча, дарозиаш 10 — 60 см; аз 10 то 40 шохача дорад, ки дар нӯги ҳар кадоме яктогӣ хӯшача мавҷуд аст. Хӯшачааш тухмшакл, нӯгтез, дарозиаш 3,5 — 4 мм, 2-то гул дорад (фақат гули болоӣ инкишоф меёбад). Донаш хурд (дарозиаш 2 — 3 мм, вазни 1000-тоаш 5 — 8г), тухмшакл ё лӯнда, рангаш сафед, зард, норанҷӣ, сурх, хокистарранг ё сиёҳ. Хӯшагули инкишофаш мӯътадил 600—1200 дон мебандад. Моҳҳои июн — август гул мекунад.
Парвариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Арзан аз зироатҳои қадимист; онро ҳанӯз 4 — 5 ҳазор сол пеш аз м. кишт мекарданд. Ватани арзани мазрӯъро Хитой ва Муғулистон тахмин мекунанд. Арзан зироати писандидаи қабилаҳои скифу сармат ва суғду бохтариҳо маҳсуб мешуд. Дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ навъҳои серҳосили «Саратовии 853», «Весело-Подолянскийи 198» ва ғайраро кишт мекунанд. Навъи «Саратовии 853» ягона навъи ба шароити Тоҷикистон мувофиқкарда аст. Арзан растании гармидӯст буда, ба камобӣ тобовар аст. Давраи нашваш 60 — 120 рӯз. Арзанро баъди зироати полизӣ, лӯбиёиҳо, картошка ва лаблабуи қанд, инчунин дар заминҳои навкорам кишт мекунанд. Онро баъди ҷуворимакка коштан мумкин нест, зеро зараррасонҳои ҳардуяшон як аст. Тухмиро 3 — 4 рӯз қабл аз кишт дар ҳавои кушод шамол дода, дору мезананд; 2 — 3 шаборӯз пеш аз кишт дар оби хунук (12 — 24 соат) тар кардани тухмӣ низ натиҷаи хуб медиҳад. Ҳангоми кишти арзан хок дар чуқурии то 10 см бояд 10 — 14°С гарм бошад. Тухмиро дар чуқурии 3 — 7 см (ба ҳар га 8 — 30 кг) мекоранд. Баъди 2 — 4 рӯзи кишт тухмӣ неш мезанад. Арзан ба нурӣ эҳтиёҷ дорад. Ба ҳар га киштзори арзан андохтани 30 — 40 кг N, 45 — 60 кг P2O5 ва 45 кг К2О ҳосилро 5 — 10 сентнер/га зиёд мекунад. Нуриҳои фосфордор ва калийдорро қабл аз шудгори тирамоҳӣ ва нуриҳои нитрогендорро ҳангоми култиватсияи пеш аз кишт меандозанд.
Дони арзан баробар пухта намерасад, бинобар ин дуруст аниқ кардани мӯҳлати дарав аҳамияти калон дорад. Арзанро баробари расидани донҳои болоии хӯша ва нимдумбул шудани донҳои миёна даравидан лозим аст. Баъди 3 — 4 рӯзи дарав баргу пояи арзанро, ки хушкидааст кӯфта, донашро ҷудо мекунанд. Донро то 13 — 14 % шудани намиаш хушконда, баъд ба анбор мерезанд. Барои ҳосили баланд сифати тухмӣ низ аҳамияти калон дорад. Арзан яке аз муҳимтарин зироати ғалладона мебошад. Дар таркиби сӯкаш 63 % ангиштоб, 12 % сафеда, 3 — 4 % равған, 1 % клетчатка, 2 — 2,5 % хокистар, моддаҳои минералӣ, витамини В1 ва намакҳои калий, натрий, калсий, магний, фосфор ва ғ. мавҷуд аст. Аз орди арзан таомҳои хушлаззат, нон тайёр мекунанд. Шавлаи сӯк серғизо ва зудҳазм буда, барои беморони дарди дил, меъда ва ғайра парҳезонаи хуб аст. Донаш барои парандаҳо (хусусан мурғ, бедона), пахол, коҳ, баргу пояи сабз ва сабӯсаш (воҳиди хӯрокиаш 0,41) барои чорво хӯроки хуби серғизост. Касалии нисбатан хавфноки арзан сӯлак аст. Ба киштзори арзан бештар пашшаи арзан, парвонаи танахӯрак, магасаки арзан, визвизаки арзан зарар мерасонанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арзан / М. Ҳоҷиматов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.