Аррениус, Сванте Август
швед. Svante August Arrhenius | |
Таърихи таваллуд | 19 феврал 1859[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 2 октябр 1927[4][2][5][…] (68 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик ва кимиё |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Per Teodor Cleve[d] |
Шогирдон | Oskar Klein[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сва́нте А́вгуст Арре́ниус (швед. Svante August Arrhenius; 19 феврал 1859[1][2][3][…], Balingsta parish[d][3] — 2 октябр 1927[4][2][5][…], Стокҳолм[4][6]) — физикдон, шимидон ва ахтарфизикдони суэдӣ, узви пайвастаи Академияи илмҳои суэд (1901), узви фахрии академияҳо ва анҷуманҳои чандин кишварҳо.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми мактаби динии Уппсала (1876) ба Донишгоҳи Уппсала дохил шуда, дараҷаи бакалаври (1878) илмҳои дақиқро гирифт ва соли 1881 таълимро дар Ин-ти физикаи Академии илмҳои подшоҳии Стокголм давом дода, ноқилияти электролитҳоро омӯхт. Дар донишгоҳҳои Рига (1886), Вюртсбург (1886—1887), Амстердам (1888) кор кардааст. Аррениус соли 1891 дар Донишгоҳи технологии подшоҳӣ (Стокголм) таълим додааст (проф. ва ректори Донишгоҳи мазкур, 1896). Аз соли 1905 то охири умр директори Институти физикаю химияи Нобел буд. Аррениус асосгузори назарияи диссотсиатсияи электролитӣ аст, ки ҳоло назарияи Аррениус номида мешавад. ӯ баъзе муаммоҳои электрохимия ва назарияи маҳлулро ҳал кардааст, ки боиси пешрафти физика, геофизика, биология ва биохимия гардидааст. Дар кинетикаи химиявӣ муодилаи ба ҳарорат вобаста будани суръати реаксияро кашф кард. Дар физика пайдоиши барқи куравӣ, таъсири афканишоти Офтоб ба атмосфера, фаъолияти вулканҳоро омӯхт.
Аррениус нахустин донишмандест, ки назарияи ҷамъшавии гази карбонро чун сабаби баландшавии ҳарорати Замин (тағйирёбии иқлим) баён кард.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Ҷоизаи Нобел (1903) ва дигар ҷоизаҳои хориҷӣ сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 The Nobel Prize in Chemistry 1903 (Svante Arrhenius)
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Svante A Arrhenius (швед.) — 1917.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Аррениус Сванте Август // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 Svante August Arrhenius — 2009.
- ↑ 6.0 6.1 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/svante-august-arrhenius (итол.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аррениус Сванте Август // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 19 феврал
- Зодагони соли 1859
- Зодагони Шветсия
- Даргузаштагони 2 октябр
- Даргузаштагони соли 1927
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши химия
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо