Jump to content

Бешаҳрвандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бешаҳрвандӣ — ҳолати ҳуқуқиеро номанд, ки мувофиқи он шахс табаъияти ягон давлатро надорад.

Бешаҳрвандӣ мутлақ (аз рӯзи таваллуд) ва ё нисбӣ (аз даст додани шаҳрвандӣ) шуда метавонад. Ин гуна шахсро дар ҳуқуқи конститутсионӣ апатрид ё худ шахси бидуни шаҳрвандӣ меноманд. Бешаҳрвандии нисбӣ, одатан, ҳангоми баромадан аз шаҳрвандӣ, аз даст додани шаҳрвандӣ ва маҳрум гардидан аз он ба вуҷуд меояд.

Бо қатъ шудани шаҳрвандии шахс дар давлат ва шаҳрвандии давлати дигарро қабул накардани ӯ бешаҳрвандӣ маҳсуб мешавад. Дар қонунгузории ҶТ баробари шаҳрвандӣ мафҳуми бешаҳрвандӣ низ дода шудааст. Мувофиқи ин муқаррарот шахсеро бешаҳрванд мегӯянд, ки ӯ дар қаламрави Тоҷикистон иқомат (-и доимӣ ё муваққатӣ) дорад, аммо онро бо далел собит карда наметавонад, чунин шахс, одатан, шиноснома (паспорт) надорад. Давлат бешаҳрвандро баробари шаҳрвандони худ ҳимоя мекунад.