Jump to content

Голисиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Голисиё
укр. Галичина
Coat of arms
Нигора
Қитъа Аврупо
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Kingdom of Galicia and Lodomeria[d] ва Ҷумҳурии дувуми Лаҳистон[d]
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Голисиё (русӣ: Галичина, олмонӣ: Galizien), Галитсия — вилояти таърихӣ дар Аврупои Шарқӣ.

Аз лиҳози таърихӣ ба Голисиёи Шарқӣ (аксари сокинонаш украиниҳо) ва Голисиёи Ғарбӣ (бештари аҳолиаш лаҳистониҳо) ҷудо мешавад. Дар асрҳои 9–11 дар ҳайати Руси Киевӣ ва пас аз он князии Галитсияву Волин (1199–1392) буд. Соли 1349 Голисиё аз ҷониби шоҳии Лаҳистон забт ва ба ҳайати он ҳамроҳ карда шуд (дар асоси созишнома бо князии Литва аз соли 1352). Дар натиҷаи тақсими Лаҳистон миёни шоҳии ПРусия, империяи Австрия ва империяи Русия дар соли 1772 заминҳои Голисиёи Шарқӣ ҳудудҳои ҷануби Лаҳистони Хурд ва бахше аз заминҳои Холмшина ба ҳайати империяи Австрия гузашта, номи подшоҳии Галитсияву Лодомерия бо Герсогии Бузурги Краковро гирифт. Соли 1775 Буковина низ (аз соли 1849 музофоти алоҳида) ба ҳайати Голисиё дохил карда шуд. Ҳангоми бори сеюм тақсим кардани Лаҳистон (1795) Австрия ҳудудҳои шимолии Лаҳистони Хурдро то д-ҳои Пилитса ва Буги Ғарбӣ (бо шаҳрҳои Краков, Люблин ва боқимондаи заминҳои Холмшинаву ш. Холм) ба даст овард, ки номи Голисиёи Нав ё Голисиёи Ғарбиро гирифтанд (то соли 1809 дар ҳайати Австрия). Голисиё ба яке аз марказҳои ҳаракати озодихоҳии Лаҳистон табдил ёфта, соли 1861 мухториятро соҳиб шуд ва ҳуқуқ дошт, сейми худро даъват намояд.

Дар ҳайати Шӯравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Голисиё аз соли 1918 то соли 1939 дар ҳайати Лаҳистон буд ва аз соли 1939 мувофиқи созишномаи ИҶШС ва Олмон Голисиёи Шарқӣ (Галичина) ба ҳайати ҶШС Украина дохил гашт. Дар ҳудуди имрӯзаи Голисиё вилоятҳои Иваново – Франковск, Лвов ва қисми ғарбии вилояти Тернополи Украина, ҳамчунин воеводинаи Наздикарпатск ва қисми зиёди воеводинаи Малополски Лаҳистон қарор доранд. Пас аз барҳам хӯрдани ИҶШС дар миёни сокинони Голисиёи собиқ ҳаракатҳои ғарбгароӣ авҷ гирифта, кӯшишҳои шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо афзуд.

  1. archINFORM (нем.) — 1994.