Jump to content

Инзивоталабӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Инзивоталабӣ (форсӣ: انزواطلبی‎), изолятсионизм (фр. isolation – ҷудо шудан, ҷудокунӣ) — навъи рафтори сиёсӣ, ки мақсади он маҳдуд кардани субъекти сиёсӣ ва алоқаву муносибатҳои он бо дигар субъектҳо аст.

Инзивоталабӣ самти инкишофи сиёсати хориҷӣ мебошад, ки фаъолият ва кӯшишҳои давлатро дар самти муқаррар кардани муносибатҳо ва ҳамкориҳо асосан бо давлатҳои ҳамсоя ифода мекунад. Дар асоси инзивоталабӣ давлатҳо пуштибонӣ аз мудохила накардан ба корҳои байналмилалиро муҳим мешуморанд. Давлати миллӣ дар ҷангҳову моҷароҳои мамлакатҳо ва минтақаи дигар иштирок накарда, ба блокҳо ва иттифоқҳои алоҳида ҳамроҳ намешавад ва ҳатто дар конференсияву чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намекунад. Инкишофи инзивоталабӣ метавонад давлатро то марҳилаи автократия (худсарӣ, ҳокимияти истибдод) расонад. Дар сиёсати дохилӣ рафтори изолясионӣ ба бархе аз ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои фундаменталистӣ ва ғ. хос аст. Намунаи инзивоталабӣ сиёсати хориҷии ИМА дар садаи XIX мебошад. Дар асоси он ғояи дахолат накардан ба корҳои аврупоӣ ва моҷароҳои ҳарбии берун аз минтақаи Амрико ба вуҷуд омад. Назария ва амалияи инзивоталабӣ ба давраи ҷангҳои озодихоҳии Амрикои Шимолӣ (1775–83) рост меояд, ки ба як қатор омилҳо вобаста аст: мустақилияти ҳудудии минтақаи Амрико, таъсиси бозорҳои калони дохилӣ дар ИМА, сустшавии иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодии ИМА дар даҳсолаи аввал ва ғ. Дар ибтидо инзивоталабӣ инъикоси миллатгароии амрикоӣ буд, ки дар эмин нигоҳ доштани ИМА аз мудохилаи ҳокимияти мутлақ (монархия)-и аврупоӣ (пеш аз ҳама аз Британияи Кабир) нақши бузург бозид ва барои барқарорсозии мақоми аз дастдодаи минтақаи Амрико равона шуда буд. Аслҳои инзивоталабӣ ба доктринаи Монро алоқаманд мебошанд, ки гавҳари «панамериканизм» ба ҳисоб мерафтанд ва барои сиёсати ғосибонаи ИМА дар Амрикои Шимолӣ ҳамчун пардаи рӯйпушгардонӣ хидмат мекарданд. инзивоталабӣ инъикоскунандаи фаъолияти сиёатмадорони амрикоӣ аст, ки хостори иштирок накардани ИМА дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ё таъсис надодани созмонҳои ҳарбии баъдиҷангӣ буданд. Аслҳои инзивоталабӣ (риояи қатъии бетарафӣ (нейтралитет), рад кардани бастани шартномаҳо доир ба таъсиси созмонҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва мудохила ба корҳои дигар давлатҳо) аз ҷониби президентҳои нахустини ИМА – Ҷ. Вашингтон, Ҷ. Адам, Т. Ҷефферсон эълон шуда буданд. Дар давраи гузариш ба сиёсати ҷаҳонии хориҷӣ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҷомеаи амрикоӣ ҷараёни нав бо номи неоизолятсионизм пайдо шуда, солҳои 1950 инзивоталабӣ ҳамчун ҷараёни сиёсӣ дар ИМА пурра ба охир расид. инзивоталабӣ гоҳҳо на танҳо дар ИМА, балки дар сиёсати дигар кишварҳо низ бо зуҳури хоҳиши мустақилият аз низоми муносибатҳои байналхалқӣ истифода мешавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ истифодаи инзивоталабӣ номумкин аст.

  • Большая советская энциклопедия. М., 1969–78;
  • Маныкин А. С. Изоляционизм и формирование внешнеполитического курса ИМА (1923-1929). М., 1980;
  • Cole W. S. Roosevelt and the isolationists. 1932–1945. Lincoln, 1983;
  • Jonas М. Isolationism in America, 1935–1941. Chi., 1990;
  • Наджафов Д. Г. Нейтралитет ИМА, 1935-1941. М., 1990;
  • Powaski R. Е. Toward an entangling alliance: American isolationism, internationalism, and Europe, 1901-1950. N. Y., 1991;
  • Nordlinger Е. А. Isolationism reconfigured. Pқinceton; N. Y., 1995;
  • Егорова Н. инзивоталабӣ Изоляционизм и европейская политика ИМА. 1933-1941. М., 1995;
  • Миньяр-Белоручев К. В. Американский изоляционизм во Второй мировой войне: Формирование послевоенного внешнеполитического курса ИМА. М., 2001;
  • Политическая наука: Словарь-справочник. М., 2010;
  • Новая философская энциклопедия. В 4-х томах. М. 2010;
  • Зокиров Г. Донишномаи сиёсӣ. Ҷ. 1. Д., 2015;