Jump to content

Итолиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Итолиё
Repubblica Italiana
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Итолиё|
]]»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ Забони итолиёӣ
Пойтахт Рим
Шаҳри калонтарин Рим, Милан, Неапол, Турин, Палермо, Генуя, Болоня, Флоренсия, Бари, Катания, Венетсия
Идораи давлат
Президент Серҷиу Матарелла
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
71-ум ҷой дар ҷaҳон
301 340 км² (бо ҷазира 309 547) км²
2,4 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2017)
  • Зичӣ
43-ум ҷой дар ҷaҳон
60 497 174
200,76 нафар/км²
Пули миллӣ евро
Интернет-Домен .it (ва .eu)
Коди телефон +39
Соат UTC +1 +2
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Итолиё, ё Ита́лия (итол. Italia [iˈtaːlja]), номи расмӣ — Ҷумҳурии Итолиё (итол. Repubblica Italiana [reˈpubːlika itaˈljaːna]) — давлат дар ҷануби Аврупо, дар маркази баҳри Миёназамин. Ҳудуди он қисми материкӣ (ҳамвории Падан, нишебиҳои ҷанубии кӯҳҳои Алп), нимҷазираи Апеннин, ҷазираҳои калони Ситсилия ва Сардина, чандин ҷазираҳои хурд ва галаҷазираҳоро дар бар мегирад. Дар ҳудуди Итолиё ду давлати хурди мустақил — Ватикан ва Сан-Марино ҷойгиранд. Итолиё дар хушкӣ бо Фаронса, Швейсария, Австрия ва Словения ҳамсарҳад аст. Итолиёро аз ғарб баҳрҳои Лигурия ва Тиррен, аз ҷануб баҳри Ион, аз шарқ баҳри Адриатика иҳота кардаанд (дарозии хатти соҳилӣ 7375 км). Масоҳаташ 302 073 км²[1][2][3]. Аҳолиаш 59,9 млн нафар (2018). Пойтахташ Рум. Воҳиди пулӣ — евро. Забони расмӣ — итолиёӣ. Идҳои миллӣ: 25 апрел — Рӯзи Озодии Итолиё, 2 июн — Рӯзи Ҷумҳурӣ, 1 январ — Соли нав, 1 май — Иди меҳнат; идҳои динӣ: Мавлуди Исо, Меъроҷи Модархудо Марями Муқаддас, Рӯзи авлиё ва ғ. Ҳудуди И-ро ба 3 минтақаи таърихию иқтисодӣ — Шимол, Марказ ва Ҷануб ҷудо мекунанд. Аз ҷиҳати маъмурӣ Итолиё ба 20 вилоят ҷудо карда шудааст, ки 114 музофот (зиёда аз 8 ҳазор коммуна)-ро дар бар мегиранд. Итолиё узви СММ (аз соли 1955), НАТО (1949), Шӯрои Аврупо (1949), Иттиҳоди Аврупо (1993), Иттиҳоди Аврупо оид ба неруи атомӣ (1958), Хазинаи Байналмилалии Асъор (1947), Бонки байналмилалии Таҷдид ва Рушд (1947), Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо (1995), САҲА (1973), Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (1961) мебошад.

Сохти давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Итолиё давлати муттаҳид. Конститутсияи ҷориаш 22.12.1947 қабул шудааст. Шакли идоракунӣ — ҷумҳурии парламентӣ. Сардори давлат — Президент, ки дар иҷлосияи якҷояи палатаҳо (дар он аз ҳар вилоят 3-нафарӣ иштирок мекунанд) ба муҳлати 7 сол интихоб мешавад. Шаҳрванде, ки синнаш то 50-сола ва дорои ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ бошад, Президенти Итолиё шуда метавонад. Сардори давлат ба Шӯрои олии мудофиа ва Шӯрои олии магистратураҳо (мансабҳои олии давлатӣ) роҳбарӣ мекунад. Мақоми олии қонунбарор — парламенти дупалатагӣ: Палатаи вакилҳо ва Сенати Ҷумҳурӣ, ки аз тариқи овоздиҳии умумӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд. Палатаи депутатҳо аз 630 депутат ва Сенат аз 315 сенатор (аз вилоятҳо интихоб карда мешаванд) иборат аст. Ғайр аз ин собиқ президентҳои мамлакат аъзои Сенат мебошанд. Сардори давлат ҳуқуқ дорад 5 шаҳрвандеро, ки бо комёбиҳои барҷастаашон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, илм, санъат ва адабиёт дар мамлакат шуҳрат пайдо кардаанд, сенаторҳои якумрӣ таъйин намояд. Мақоми иҷроия — Шӯрои Вазирон, ки аз Раиси Шӯрои Вазирон ва вазирон иборат аст. Вазирон метавонанд ба ҳайати парламент дохил шаванд. Президент сарвазир ва бо пешниҳоди ӯ вазиронро таъйин мекунад. Раиси Шӯрои Вазирон ба сиёсати умумии ҳукумат роҳбарӣ мекунад ва барои он ҷавобгар аст. Вазирон якҷо барои фаъолияти ҳукумат ва дар алоҳидагӣ барои фаъолияти идораҳои тобеашон масъуланд. Ҳукумат бояд боварии ҳар ду палатаи парламентро ба даст орад. Мақомоти интихобӣ дар музофотҳо ва коммунаҳо (шӯроҳои музофотӣ ва коммунавӣ) низ мавҷуданд.

Дар Итолиё система (сохтор)-и бисёрҳизбӣ мавҷуд аст. Баъди парокандашавӣ, пошхӯрӣ ва тағйирёбии чандинкарата дар солҳои 1990 ҳизбҳое, ки баъди соли 1945 дар ҳаёти сиёсии мамлакат нақши пешбаранда доштанд (Ҳизби христианӣ-демократии Итолиё, Ҳизби коммунистии Итолиё, Ҳизби сотсиалистии Итолиё, Ҳизби либералии Итолиё, Ҳизби ҷумҳурихоҳи Итолиё ва ғ.), ду блоки ҳизбӣ — чап ва рост ташкил карданд. Дар интихоботи соли 2013 танҳо дар Палатаи депутатҳо намояндагони 25 ҳизби мамлакат интихоб шуданд. Дар Итолиё ҳоло қариб 50 ҳизб фаъолона амал мекунанд. Бузургтарин ҳизбҳои мамлакат, ки дар парламент аксариятро ташкил карда наметавонанд, маҷбуранд бо дигар ҳизбҳои нисбатан хурд ҳукумати коалитсионӣ ташкил диҳанд. Ҳизбҳои калонтарини Итолиё: Ҳизби демократии Итолиё (чапгаро), Ҳаракати панҷ ситора (оммавӣ), Ба пеш, Итолиё (куҳнапараст), Чапгаро, экология, озодӣ / Чапгароҳои Итолиё (сотсиалистони чапгаро), Маркази нави рост (ростгаро), Интихоби шаҳрвандӣ (либералӣ), Лигаи Шимол (минтақавии рости оммавӣ).

Ҳудуди Итолиё ба қисмҳои материкӣ, нимҷазиравӣ ва ҷазиравӣ тақсим мешавад. Дар қисми материкӣ ду минтақаи бузурги табиӣ — кӯҳҳои Алп ва ҳамвории Падан ҷойгиранд; бузургтарин масоҳати нимҷазиравӣ нимҷазираи Апеннин. Қисми ҷазиравиро ду ҷазираи калон — Ситсилия ва Сардиния, инчунин ҷазираҳои хурди сершумор, аз ҷумла галаҷазираҳои Тоскана ва Кампано ташкил мекунанд. Хатти соҳилии баҳрҳои Лигурия ва Тиррен хеле каҷу килебанд (халиҷҳои Генуэз, Гаэта, Неаполитан, Салерн ва ғ.). Дар шимоли баҳри Лигурия, инчунин дар ҷануби баҳри Тиррен (нимҷазираи Калабрия) соҳилҳо сершаханд. Соҳилҳои баҳри Адриатика дар мавзеи ҳамвории Падан ҳамвор буда, халиҷ ва кӯлҳои пайдоишашон халиҷии бисёр доранд. Соҳилҳои баҳри Ион бештар сершах ва дар халиҷи Таранто ҳамворанд.

Итолиё мамлакати кӯҳсор аст: 35,2 дарсади ҳудуди онро кӯҳҳо, 41,6 дарсадро теппаҳо, 23,2 дарсадро ҳамвориҳо ишғол кардаанд. Дар шимоли мамлакат қад-қади сарҳадди Итолиё ва Фаронса қ-кӯҳи Алп камоншакл тӯл кашидааст. Баландтарин қуллаҳои он — Монблан (4807 м — баландтарин нуқтаи Итолиё), Монте-Роза (то 4634 м, қуллаи Дюфур). Дар самти ҷанубу ғарб баландии кӯҳҳои Алпи наздисоҳилӣ то 1000 м мерасад. Дар Алпи Ғарбӣ водиҳои амиқи сабзу хуррам ва дар сарҳадди Итолиё бо Фаронса ва Швейсария ағбаҳои Сен-Бернари Калон, Сен-Бернари Хурд ва ғ. ҷойгиранд. Дар кӯҳҳои Алп пиряхҳои бисёре мавҷуданд. Дар ҷануби кӯҳҳои Алп ҳамвории Падан ҷойгир аст. Баландии қуллаҳои Алпи Шарқӣ то 4049 м (массиви Бернина) буда, ба водиҳои начандон калон (водии Адиҷе ва ғ.) тақсим шудаанд; дар онҳо нишебиҳои оҳаксангии ростфуромада бартарӣ доранд, ҳодисаҳои карстӣ (чуқурчаҳо, ҷӯйчаҳо, ҷариҳо, мағораҳо ва ғ.) бисёр ба назар мерасанд. Минтақаи меҳварии нимҷаираи Апеннинро қ-кӯҳҳои чиндори начандон баланди Апеннин ишғол менамоянд. Релефи кӯҳҳои Апеннини Шимолӣ ва Марказӣ (кӯҳи Корно-Гранде дар ноҳияи Гран-Сассо-д' Итолиё, 2914 м — баландтарин нуқтаи кӯҳи Апеннин ва нимҷазираи Апеннин) кӯҳию пиряхӣ буда, қабатҳои карстиаш бисёр аст. Дар қисми ғарбии Апеннини Шимолӣ ва Марказӣ теппаҳо ва дар қисми шимолӣ пасткӯҳҳо тӯл кашидаанд; дар қисми ҷанубӣ минтақаҳои вулканӣ (Амиата, Чимино, Везувий) ва пуштакӯҳҳо (Латсио ва ғ.) ҷойгиранд. Кӯҳҳои Апеннини Ҷанубӣ ба соҳилҳои баҳри Тиррен наздик буда, дар ҷанубу шарқ ба онҳо пасткӯҳҳои оҳаксангии минтақаи нимҷазираи Гаргано, пуштакӯҳи Ле-Мурҷе, ҳамвориҳои қабат-қабати нимҷазираи Салента пайваст мешаванд. Ин ҳудудҳои ниҳоят карстӣ қариб обҳои ҷории рӯизаминӣ надоранд, вале ноҳияи хеле сермаҳсули кишоварзӣ мебошанд. Дар канори ҷанубии нимҷазираи Апеннин паҳнкӯҳҳои нишебиҳояшон серхарсанги баландиашон то 1955 м (кӯҳи Молталто) тӯл кашидаанд. Ҷазираҳо аксаран кӯҳсоранд. Дар шимоли ҷазираи Ситсилия пасткӯҳҳо ва миёнакӯҳҳо (баландиашон то 1979 м, кӯҳи Карбонара) ва доманакӯҳҳои сертеппа тӯл кашидаанд. Дар қисми шарқии ҷазира вулкани Этна воқеъ аст. Сардина бештар аз паҳнкӯҳҳо (кӯҳҳои Ала, Ҷеннарҷенту, Иглезиенте) ва миёнакӯҳҳои баландиашон то 1834 м (кӯҳи Ла-Мармора) иборат аст. Ҷазираҳои хурди Итолиё низ бештар кӯҳсоранд; дар ҷазираҳои Липар, Искя ва Пантеллерия вулканҳои фаъол ва шартан фаъол мавҷуданд.

Ҳамвориҳо 1/4 ҳиссаи масоҳати мамлакатро ташкил медиҳанд. Байни кӯҳҳои Алп ва Апеннин калонтарин ҳамворӣ дар Итолиё — Падан ҷойгир аст. Дар қисми марказӣ қад-қади д. По ҳамвориҳои паст (баландиашон 50-100 м), дар музофоти шимолӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ҳамвориҳои доманакӯҳии нишеб (баландиашон то 200—500 м) воқенд. Дар ғарби ҳамвории Падан теппаи Монфератто ҷойгир аст. Дар ҳудуди нимҷазираи Апеннин қад-қади соҳилҳои баҳрҳо ҳамвориҳои камбари наздисоҳилӣ тӯл кашидаанд. Ҳамвории аккумулятивии Базиликаи қад-қади соҳили халиҷи Таранто, ҳамвории аллювиалию баҳрии Таволтер дар ҷануби нимҷазираи Гаргано, инчунини пастхамиҳои соҳили баҳрҳои Адриатика ва Тиррен васеанд. Дар қисми ҷазиравии Итолиё ҳамвориҳои аккумулятивӣ бештар қад-қади соҳилҳои ҷанубу ғарбии Ситсилия (пастии Катан), инчунин дар ҷануб ва ғарби Сардиния (ҳамвории Кампидано) инкишоф ёфтаанд.

Сохти геологӣ ва сарватҳои табиӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Итолиё дар минтақаи серҳаракати Алпу Ҳимолой ҷойгир аст. Қисми зиёди ҳудуди онро кӯҳҳои чиндори синни алпӣ — Алп (қисми ҷанубӣ), Апеннин, Калабрид, сохтори қисми шимолии ҷазираи Ситсилия ва қисми зиёди ҷазираи Сардиния ишғол мекунанд. Қаторкӯҳҳои чиндори Алп ва Апеннинро хамии байникӯҳии Падан аз ҳам ҷудо мекунад. Хамӣ бо молассҳо (ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ)-и давраи олиготсен-чорумин пур шудааст (ғафсиашон то 9 км); он дар ҷанубу шарқ қад-қади нишебиҳои шарқии Апеннин тӯл кашида, дар он ҷо хамии Брадан номида мешавад.

Кӯҳҳои Апеннин аз пӯшишҳои тектоникии ҷинсҳои давраи мезозою кайнозой ташаккул ёфта, дар шимол ба хамии Падан ва дар шарқ ба хамии Брадан расидаанд. Пӯшишҳои дохилӣ дар Апеннини Шимолӣ офиолитҳои давраи юра мебошанд. Пӯшишҳои беруниро асосан таҳшинҳои карбонатӣ ва қисман таҳшинҳои силитсийи давраҳои триас, юра ва табошир ба вуҷуд овардаанд. Дар сохтори доманакӯҳҳои ғарбии Апеннин дар баробари ҷинсҳои таҳшинӣ ва метаморфӣ қабатҳои ғафси гудоза ва туфсангҳои вулканӣ (трахитҳо, риолитҳо) иштирок мекунанд. Дар атрофи халиҷи Неаполитан ҷинсҳои вулканиро Везувий, ҷазира-вулкани Иск, майдони Флегрей ҷамъ кардаанд. Хамии молассии Брадан дар шарқ кӯҳҳои Апеннинро аз платфорамаи Адриатика ҷудо мекунад. Як қисми платформаи Адриатика қад-қади соҳилҳои адриатикии Итолиё тӯл кашидааст, ки дар ин ҷо оҳаксангҳои давраи мезозою кайнозойӣ паҳн шудаанд. Пӯшиши Калабрия мисли қисми шимолии ҷазираи Ситсилия аз офиолитҳои давраҳои юра, палеозой, шояд нисбатан қадимтар, ҷинсҳои метаморфӣ, гранитоидҳо, таҳшинҳои карбонатии давраи мезозой ташаккул ёфтааст. Дар қисми шимолии ҷазираи Ситсилия силсилаи лағзишҳо ҷой доранд, ки дар яке аз онҳо вулкани Этна ҷойгир аст. Қисми ҷанубу шарқии ҷазираи Ситсилия ба минтақаи чиндори герсинӣ тааллуқ дорад.

Бисёр ноҳияҳои Итолиё серзилзилаанд. Зилзилаҳои сахти харобиовар дар шимолу шарқи ҷазираи Ситсилия солҳои 1693 ва 1908, дар қисми ҷанубии нимҷазираи Апеннин солҳои 1783, 1905, 1980, дар қисми марказӣ солҳои 1857, 1915 ва 1930, дар қисми шимолу шарқӣ соли 1976 рух додаанд.

Дар Итолиё конҳои маъдани сурб ва руҳ (дар ҷазираи Сардиния ва қисми ҷанубии нишебии бузургтарини Алп), тило ва нуқра (дар ҷазираи Сардиния), оҳан (дар ҷазираҳои Элба, Сардиния, доманакӯҳҳои ғарбии Апеннини Шимолӣ ва Алп) мавҷуданд. Захираҳои маъданҳои мангандор дар конҳои маъдани оҳани вилояти Тоскана ва бахусус дар конҳои маъдани мангани бисёр ноҳияҳои Итолиё ҷойгиранд. Захираҳои маъданҳои симоб (кони Монте-Амиата) ва сурма бисёранд. Бокситҳо дар пастиҳои карстии қисми ҷанубу шарқии Итолиё (вилоятҳои Абрусси, Апулия) ва дар ҷазираи Сардиния мавҷуданд. Конҳои ангиштсанг дар қисми ҷанубу ғарбии ҷазираи Сардиния ва кӯҳҳои Алп маълуманд. Дар кӯҳҳои Апеннин конҳои бисёри ангишти бӯр ва варақсангҳои сӯзанда кашф шудаанд. Конҳои нафт ва гази табиӣ дар хамии Падан, тунукобаи баҳри Адриатика, доманакӯҳҳои Апеннин, таҳнишинҳои мезозою кайнозойи ҷазираи Ситсилия ва тунукобаи ҳамин ҷазира ҷойгиранд. Конҳои намаки калий (дар ҷазираи Ситсилия), намаксанг (ҷазираи Ситсилия, Апеннини Калабрия, доманакӯҳҳои ғарбии Апеннини Шимолӣ), сулфур (ҷазираи Ситсилия), инчунин пирит, барит, бентонит, флюорит, талқ, асбест, графит, масолеҳи бинокории табиӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ (оҳак, доломит, мергел, гач, серпентинитҳо, кварситҳо, хоросанг, рег, сангреза ва ғ.) маълуманд. Дар Апеннини Ши- молӣ конҳои мармар ҷойгиранд. Дар Итолиё чашмаҳои сершумори обҳои минералӣ ва гарм мавҷуданд.

Иқлими нимҷазираи Апеннин ва ҷазираҳои Итолиё субтропикии баҳримиёназаминӣ; тобистонаш гарми хушк (ҳарорати миёнаи июл 23-26оС), зимистонаш гарми рутубатнок (ҳарорати миёнаи январ 8-11оС), дар ҳамвории Падан муътадили ба субтропикӣ гузаранда. Боришот (боришоти миёнаи солона 500—600 мм) бештар зимистон дар намуди боронҳои сел меборад. Ноҳияҳои қисми ҷанубу шарқии Апеннин, ҷануби Ситсилия ва Сардиния бисёр вақтҳо аз хушксолӣ (боришоти миёнаи солона камтар аз 400 мм) азият мекашанд. Дар шимол ва ноҳияҳои дохилии нимҷазираи Апеннин ҳарорати миёнаи июл то 21-22оС, январ то 1,5-4оС паст мешавад; дар қисми шимолии нимҷазира ва миёнакӯҳҳои Апеннин баъзан барф меборад. Боришот аз ҳама бештар (зиёда аз 3000 мм) дар нишебиҳои ғарбии Апеннини Лигурия, аз ҳама камтар (то 400 мм дар сол) дар ноҳияҳои дохилии Апеннини Ҷанубӣ мкшавад. Иқлими соҳилҳои баҳри Лигурия гарми нарм аст (ҳарорати миёнаи январ 8-9оС, июл 23-24оС); миқдори боришоти солона 1500 мм. Тобистони ҳамвории Падан гарм (ҳарорати миёнаи июл 22-24оС) ва зимистонаш сард (ҳарорати миёнаи январ 0-1оС, баъзан то — 10оС) мешавад; ҳамвориҳои баландкӯҳро қабати барф мепӯшонад. Боришот (700—1000 мм дар сол) бештар баҳору тирамоҳ мешавад. Иқлими кӯлҳои доманакӯҳҳои Алп нисбатан нарм (ҳарорати миёнаи январ 1-2оС, июл 20-22оС) буда, дар ин ҷойҳо осоишгоҳҳои иқлимии бисёре (Гарда, Комо ва ғ.) ҷойгиранд. Дар кӯҳҳои Алп дар баландии 1200—1500 м ҳарорати миёнаи июл то 4-5оС, январ то −12… −15оС паст мешавад; дар баландии аз 2000 м боло аз 0оС баланд намешавад. Дар кӯҳҳои Алп ба ҳисоби миёна дар як сол беш аз 1000 мм, дар нишебиҳои ғарбии Алпи Карний беш аз 3000 мм боришот мешавад. Марказҳои асосии яхбандӣ — минтақаҳои Монблан, Гран-Парадизо, Бернина, Адамелло, Ортлес, инчунин кӯҳҳои Алпи Пеннин, Лепонтин ва Ретий.

Обҳои дохилӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Итолиё дарёҳо бисёранд. Аксари дарёҳо кӯҳӣ ва кӯтоҳанд. Калонтарин дарёи қисми материкии Итолиё По буда, шохобҳои чапаш (Адда, Дора-Балтеа, Дора-Рипария ва ғ.) аз кӯҳҳои Алп, шохобҳои росташ (Панаро, Таро, Требия ва ғ.) аз кӯҳҳои Апеннин ҷорӣ мешаванд. Дигар дарёҳои калони қисми материкии Итолиё: Адиҷе, Брента, Изонсо, Таляменто, Пяве, Рено. Дарёҳои нимҷазираи Апеннин кӯтоҳу камоб буда, манбаашон асосан борон аст; онҳо тирамоҳу зимистон сероб ва тобистон камоб мешаванд; дарёҳои хурд тобистон пурра мехушканд. Обхезӣ бисёр мешавад. Дар нимҷазираи Апеннин дарёҳои ҳавзаҳои баҳри Тирен (Тибр, Арно, Волтурно), баҳри Ион (Агри, Базенто, Брадано), баҳри Адриатика (Офанто, Пескара, Сангро) калонтарин мебошанд. Дарёҳои асосии Ситсилия — Симето, Салсо, Платани; Сардиния — Тирсо, Когинас, Флумендоза.

Дар Итолиё кӯлҳои бисёри пайдоишашон гуногун (пиряхӣ, пиряхиву тектоникӣ, вулканӣ, карстӣ ва халиҷӣ) мавҷуданд. Масоҳати умумии 23 баҳри нисбатан калони Итолиё — зиёда аз 5000 км2. Калонтарин кӯлҳои Итолиё дар кӯҳҳои Алп воқеъ буда, пайдоишашон пиряхиву тектоникист: Гарда, Лаго-Маҷоре, Комо, Изео, Лугано. Калонтарин кӯли нимҷазираи Апеннин — Тразимен; пайдоиши кӯлҳои Болсена, Браччано, Вико вулканист. Калонтарин кӯлҳои халиҷӣ (Лезина, Варано, Валли-ди-Комакко) дар соҳилҳои баҳри Адриатика ташаккул ёфтаанд. Дар Итолиё 300 обанбор сохта шудааст. Калонтарин обанборҳо: Омодео дар д. Тирсо (Сардиния) ва Монте-Котуно дар д. Синни (Базиликата). Захираи солонаи об — 191 км3; ба ҳар як сокини мамлакат дар як сол 3336 м3 об рост меояд. Ҳар сол 44,4 км3 об ҷамъ мешавад, ки 45 дарсади он барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ, 37 % дар корхонаҳои саноатӣ ва 18 % барои таъминоти коммуналию маишӣ истифода бурда мешавад.

Хок, олами наботот ва ҳайвонот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хоки ҳамвории Падан ҳосилхези аллювиалӣ, хоки нишебиҳои кӯҳҳои Алп ва Апеннин сиёҳтоби кӯҳист. Хоки ҳамвориҳои нимҷазираи Апеннин ва ҷазираҳо — қаҳваранг ва сурхчатоб.

Дар Итолиё 5463 намуди рустаниҳои рагдор, аз ҷумла 712 намуд рустаниҳои хосси маҳал маълуманд, ки 532 намуди онҳо ба рӯйхатти рустаниҳои нодир ва нестшаванда дохил карда шудаанд. Дар нимҷазираи Апеннин ва ҷазираҳо рустаниҳои баҳримиёназаминӣ васеъ паҳн шудаанд. Дар қисми боқимондаи Итолиё рустаниҳои аврупоимиёнагӣ бартарӣ доранд. Ҷангал ва буттазорҳо қариб 1/3 ҳиссаи масоҳати мамлакатро ишғол мекунанд. Дар нимҷазираи Апеннин ва ҷазираҳо то баландии 500—800 м рустаниҳои ҳамешасабзи байҳримиёназаминӣ: буттазорҳои маквис ва гарига, булутзорҳо, санавбарзорҳо доман густурдаанд, инчунин дарахтони сарв, эвкалипт ва ғ. мерӯянд. Аз ҷумлаи рустаниҳои мазрӯъ дарахти зайтун, рустаниҳои ситрусӣ, бодом, анор, анҷир парвариш карда мешаванд. Болотар аз минтақаи дарахтзор ва буттазори ҳамешасабз ҷо-ҷо бешаҳои дарахтони паҳнбарг (булут, фарк, шумтол, шоҳбулут ва ғ.) вомехӯранд. Масоҳати зиёдро боғу токзорҳо ишғол мекунанд. Дар баландии 1700—1900 м (дар нишебиҳо) олашзорҳо доман густурдаанд. Дар кӯҳҳои Апеннин ва минтақаҳои кӯҳӣ ҷо-ҷо марғзорҳои алпӣ вомехӯранд. Дар ҳамвории Падан рустаниҳои қадимӣ қариб боқӣ намондаанд. Дар пасткӯҳҳои Алп бешаҳои дарахтони паҳнбарг (то баландии 800 м — булутзорҳо, то баландии 1400 м — олашзорҳо) паҳн шудаанд, болотар онҳоро бешаҳои омехтаи дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарг (коҷ, пихта, санавбар, коҷи баргрез) иваз мекунанд. Дар баландиҳои 2000—2200 м марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ васеъ паҳн шудаанд.

Аз 132 намуд ҳайвони ширхӯр 12 намудашон дар ҳоли нестшавианд. Ҳайвоноти калони ширхӯр (хирси малла, гург, гуроз, оҳу)-ро дар муҳити табиии зист танҳо дар ноҳияҳои душворгузари кӯҳҳои Алп ва Апеннин, асосан дар ҳудудҳои ҳифзшаванда вохӯрдан мумкин аст. Дар нимҷазираи Апеннин ва ҷазираи Ситсилия муфлон — ҳайвони хосс (эндемик)-и ҷазираи Сардиния мӯътод шудааст. Ҳайвоноти ширхӯри хурд, аз ҷумла дарандаҳо (гурбаи ҷангалӣ, қашқалдоқ, миримушон, қоқум, хаз), ҳашаротхӯрҳо (хорпушт), хояндаҳо (санҷоб, муши даштӣ), дастболҳо ва ғ. хуб боқӣ мондаанд. Дар Итолиё 478 намуди парандаҳо (ба 15 намуди онҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад) ва 55 намуди хазандаҳо (ба 4 намуди онҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад) зиндагӣ мекунанд. Аз моҳиҳои баҳрӣ сардина, самак, хамса, кефал, камбала, аз моҳиҳои дарёӣ карп ва гулмоҳӣ, инчунин садафак бештар шикор карда мешаванд.

Дар Итолиё 772 ҳудуди табиии ҳифзшаванда (дар масоҳати умумии 2,9 млн га), аз ҷумла 22 боғи миллӣ [дар масоҳати 1,34 млн га; машҳуртарин ва қадимтаринашон Гран-Парадизо (1922) ва Чирчео (1934)] ташкил карда шудаанд. Дар соҳилҳои баҳрҳои Тиррен ва Адриатика ҷойҳои зимистонгузаронии парандаҳои кӯчии сершумор аз Аврупо мавҷуданд. Бинобар ин 48 ҳудуди ҳифзшаванда ба рӯйхатти мавзеъҳои обу ботлоқии аҳаммияти байналмилалӣ дохил карда шудаанд. Ҳудудҳои баҳрии ҳифзшаванда, аз ҷумла боғи баҳрии Мирамер ба рӯйхатти парваришгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО дохил карда шудааст, ки масоҳати 2,8 млн гаро ишғол менамояд. Ба рӯйхатти Мероси табиии умумиҷаҳонӣ ҷазираҳои Липар низ дохил карда шудаанд.

Аксарияти (92,5 %) аҳолии Итолиёро итолиёиҳо ташкил медиҳанд. Дар шимолу шарқи Итолиё фриулҳо (1,1 %), ладинҳо (0,1 %), словенҳо (0,1 %), инчунин тиролиҳо ва дигар гурӯҳҳои олмонизабон (0,5 %), дар шимолу ғарб гурӯҳҳои ба забонҳои окситанӣ, фаронсавии провансалӣ ва фаронсавӣ гуфтугӯкунанда, дар ҷануби Итолиё албанҳо (0,8 %), юнониҳо (0,2 %) ва хорватҳо (24 ҳазор нафар), дар шимолу ғарби Сардиния каталонҳо (922 ҳазор нафар) зиндагӣ мекунанд. Дар Итолиё инчунин яҳудиён (0,1 %), лӯлиҳо (0,2 %), арабҳо (0,9 %), амрикоиҳои ИМА (0,2 %), руминҳо (0,1 %) испаниҳо (0,15) ва дигар халқиятҳо маскунанд.

Дар давоми 120 сол (1861—1981) аҳолии Итолиё доимо аз ҳисоби афзоиши табиӣ зиёд мешуд. Аз солҳои 1980 шумораи аҳолии Итолиё қариб зиёд намешавад (соли 1991 — 56,78 млн нафар, 2001 — 56,99 млн нафар, 2005 — 59,46 млн нафар, 2016 — 60 млн нафар, 2018 — 59,9 млн нафар). То миёнаи солҳои 1970 сатҳи таваллуд дар Итолиё баланд буд. Ҳоло Итолиё аз ҷиҳати сатҳи таваллуд дар байни мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз пасттаринҳо (8,5 нафар ба 1000 сокин) мебошад. Фавт аз таваллуд зиёдтар (10,5 нафар ба 1000 сокин; фавти кӯдакон 5,7 нафар ба 1000 навзод, 2007) аст. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 81,8 (мардҳо −79,2, занҳо — 84,5) сол. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 — 201,1 нафар (2016). Дар давоми мавҷудияти давлати ягонаи Итолиё (аз соли 1861) беш аз 20 млн итолиёиҳо аз ҷануби мамлакат ба ИМА, мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Амрикои Ҷанубӣ муҳоҷират кардаанд. Аз миёнаи солҳои 1970 муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи кишвар кам шуда, аз ибтидои солҳои 1990 муҳоҷирати қонунӣ ва ғайриқонунии аҳолии кишварҳои хориҷӣ ба Итолиё хеле афзуд. Қариб 13 дарсади муҳоҷирон албаниҳо, қариб 12 % марокашиҳо, 11 % руминҳо, 4,8 % хитойиҳо, 4 % украинҳо, 3,3 % филиппиниҳо, 3,1 % тунисиҳо, инчунин сербҳо. черногориягиҳо, македониҳо, полякҳо ва дигар миллатҳо мебошанд. 68 дарсади аҳолии Итолиё шаҳрнишинанд. Шаҳрҳои бузургтарини Итолиё (ҳазор нафар, 31 декабри 2013): Рум (2860,5), Милан (1334,1), Неапол (989,1), Турин (902,1), Палермо (678,5), Генуя (597). 65 дарсади аҳолӣ дар соҳаи хидматрасонӣ, 30,1 % дар саноат, 4,3 % дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунад. Қариб 90 дарсади аҳолии Итолиё католик, қариб 5 % намояндагони дигар динҳо, асосан мусулмонон ва ҳиндуҳо мебошанд.

Мақолаи асосӣ: Таърихи Итолиё

Руми Бостон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар миёнаи асри 6 то м. лотинҳо ва собинҳо (қабилаҳои италикҳо) ш. Румро бунёд кардаанд. Асрҳои 5-3 то м. Рум тамоми ҳудуди Итолиёро забт кард. То ибтидои асри 2 то м. дар ин ҷо давлати ғуломдорӣ ба вуҷуд омад. Буҳрони низоми ғуломдорӣ ва фишори варварҳо дар асрҳои 4-5 империяи Румро пароканда кард. Соли 395 империя ба қисмҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ ҷудо шуд. Соли 476 яке аз сарварони қабилаи скирҳо — Одоакр охирин императори империяи Руми Ғарбӣ Ромул Августулро аз тахт сарнагун кард. Ҳукмронии Одоакр дер давом накард; соли 493 остготҳо бо сарварии Теодорихи Бузург бо розигии императори Руми Шарқӣ империяи Зинонро ғасб намуда, шоҳии Остготро ташкил карданд, ки Ситсилия, Норик, як қисми ҳудуди Паннония ва Иллария ва аз соли 510 Провансаро низ дар бар мегирифт.

Асрҳои миёна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 554 қисми зиёди Итолиёро Византия забт кард. Соли 568 Итолиёи Шимолиро лангобардҳо забт намуда, дар ҳудуди Итолиё шоҳии Лангобардро ташкил карданд. Дар ин давра низоми ғуломдорӣ барҳам дода шуд. Асрҳои 7-8 дар давлати лангобардҳо тарзи истеҳсолоти феодалӣ ба вуҷуд омад; баъди Итолиёи Шимолӣ ва Итолиёи Марказиро забт кардани франкҳо (774) инкишофи муносибатҳои феодалӣ авҷ гирифт. Аз миёнаи асри 9 Итолиё давраи дурударози парокандагии феодалиро аз сар мегузаронд. Аз байни давлатҳои сершумори феодалӣ вилояти Папа бо қудрат ва нуфузи худ фарқ мекард (давлати Папаҳои Рум соли 756 ташкил шуд). Соли 962 Итолиё ба ҳайати Империяи Руми Муқаддас (асосгузораш императори Олмон Оттони I) ҳамроҳ карда шуд. Асрҳои 11-12 Итолиё майдони муборизаи байни папаҳои Рум ва императорони Олмон буд. Ҷангҳои пайдарҳам ба гирифтори асорат шудани деҳқонон ва қувват ёфтани заминдорони калони феодалӣ (бахусус заминҳои калисо) мусоидат мекарданд. Инкишофи бармаҳали муносибатҳои молӣ-пулӣ (ҳанӯз дар асрҳои 9-10) иқтидори иқтисодии шаҳрҳоро, ки ба марказҳои касбу ҳунар ва савдо табдил меёфтанд, мустаҳкам менамуд. Бисёр шаҳрҳо дар асрҳои 11-12 ҳуқуқи худидоракунӣ ба даст оварданд. Дар Лукка, Милан, Флоренсия, Падуя, Феррара, Кремона, Пиза, Сиена, Болоня ва даҳҳо шаҳрҳои дигари Итолиёи Шимолӣ ва Марказӣ коммунаҳо ташкил шуда, ҳокимият ба дасти ашроф ва тоҷирон гузашт. Коммунаҳои калон (Генуя, Пиза, Венетсия ва ғ.) тадриҷан ба ҷумҳуриҳои мустақил табдил ёфтанд. Юришҳои Фридрих I Барбарос ба Итолиёи Шимолӣ (1154—1176), ки мехост коммунаҳоро зери итоати худ дарорад, барор накарданд; шаҳрҳои Итолиё дар атрофи Лигаи Ломбардия (таъсисаш 1167) муттаҳид гардида, истиқлолияти худро муҳофизат намуданд. Итолиёи Ҷанубӣ ва Ситсилияро, ки аз асри 8 дар тасарруфи арабҳо буданд, дар асри 11 норманиҳо забт карданд. Соли 1130 дар Ситсилия шоҳии Норманиҳо барпо гардид. Дар нимаи 1-уми асри 13 ҳокими он (дар як вақт императори Олмон ҳам буд) Фридрих II Штауфен барои зери итоати худ даровардани ш-ҳои Итолиёи Миёна кӯшиш кард, вале комёб нашуд. Солҳои 60 асри 13 дар Итолиёи Ҷанубӣ сулолаи Анҷуйҳо соҳиби тахту тоҷ гардиданд.

Таназзули амиқи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Итолиё то ибтидои асри 18 давом кард. Фишори Испания дар асри 18 бо ҳукмронии Габсбургҳо иваз шуд. Шартномаи сулҳи Раштатт (1714) ба ҷанг барои мероси Испания хотима бахшид, дар герсогии Милан (Ломбардия) ҳукмфармоии Австрия ҷорӣ гардид. Дар як қатор давлатҳои Итолиёи Марказӣ сулолаҳои ба Габсбургҳо хеш (Лотарингӣ ва дʾЭсте) ҳукмрон шуданд. Шоҳии Неаполитан аз Мадрид ҷудо, вале ба шохаи испаниягии Бурбонҳо тобеъ шуд. Дар рафти ҷанг бо империяи Усмонӣ ҳудуди ҷумҳурии Венетсия кам шуд. Ҷумҳурии Генуэз ҷазираи Корсикаро маҷбуран ба Фаронса дод. Танҳо шоҳии Пемонт (таъсисаш 1718), ки сулолаи Савойя роҳбарӣ мекард, мулки худро аз ҳисоби ҳамроҳ кардани вилоятҳои ҳамсоя (Нисса, Савойя ва ғ.) васеъ карда тавонист. Мувофиқи шартномаи Раштатт (1714) ҷазираи Ситсилия ба Пемонт гузашт. Мувофиқи шартномаи сулҳи 1720 бо шоҳии Неаполитан Пемонт онро ба ҷазираи Сардиния (номи нави Пемонт — Шоҳии Сардиния аз ҳамин ҷост) иваз кард. Давлати Папа ҳудудҳои худро васеъ карда, ба баҳри Адриатика баромад.

Дар натиҷаи ҷангҳо барои мероси Лаҳистон ва Австрия ҳудуди давлатҳо ва сулолаҳои ҳукмрони нимҷазираи Апеннин тағйир ёфт. Баъди ба имзо расидани сулҳи Ахен ((1748) дар сарзимини Итолиё қариб ним аср оромӣ ҳукмфармо буд, ки ба рушди иқтисодӣ, тараққии шаҳрҳо, ривоҷи тиҷорат, инкишофи муносибатҳои капиталистӣ дар як қатор ноҳияҳо мусоидат кард.

Дар нимаи 2-юми асри 18 дар давлатҳои Итолиё ғояи маорифпарварӣ паҳн гардид. Маорифпарварони Итолиё (Ч. Беккариа. П. Верри, Ҷ. Караччоло, Г. Филанҷери ва дигарон) тартиботи феодалиро зери танқиди сахт гирифта, барҳам додани онро талаб карданд. Солҳои 70-80 асри 18 дар давлатҳои Итолиё — Тоскана, шоҳии Сардиния ва ғ. дар рӯҳи мутлақияти маорифпарвар ислоҳотҳо гузаронида шуданд.

Дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) Итолиё (аз соли 1915) ҳамчун тарафдори Антанта иштирок кард. Мувофиқи шартномаҳои баъдиҷангӣ Итолиё танҳо Трентино,Тироли Ҷанубӣ, нимҷазираи Истрия ва чанд музофоти дигарро гирифт. Дар солҳои аввали баъди ҷанг иқтисодиёти Итолиё ба буҳрони шадид гирифтор шуд. Қарзи давлатӣ аз 15,3 млрд лири соли 1914 дар соли 1919 то 49,9 млрд лир афзуд, Буҳрони иқтисодӣ, норозигӣ аз натиҷаҳои ҷанг ва таъсири Инқилоби Октябр дар Руссия боиси ниҳоят авҷ гирифтани ҳаракати коргарӣ дар Итолиё гардид. Соли 1919 шумораи ширкатдорони корпартоиҳо ба беш аз 1 млн нафар расид. Дар ҷануби мамлакат деҳқонон заминҳои помешиконро ғасб намуданд. Соли 1920 корпартоиҳо хеле авҷ гирифтанд: коргарони саноати коркарди филиззот ва як қатор соҳаҳои дигар корхонаҳоро ба даст дароварда, онҳоро 3 ҳафта дар даст нигоҳ доштанд., шӯроҳои фабрикаву заводӣ ташкил карда, истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ монданд. Аммо ҲСИ, ки ба муборизаи меҳнаткашон роҳбарӣ менамуд, аз вазъияти инқилобӣ истифода бурда натавонист ва ҳаракати инқилобӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Соли 1921 гурӯҳҳои чапи ҲСИ ҷудо шуда, Ҳизби коммунистии Итолиё (ҲКИ)-ро ташкил карданд. Иттиҳодияҳои калонтарини иттифоқҳои касаба, КУМ, ки соли 1919 зиёда аз 1 млн нафарро дар бар мегирифтанд, таҳти таъсири равияи ислоҳотгарои ҲСИ қарор доштанд. Буржуазияи калон ҷавобан ба баромадҳои инқилобӣ ташкилотҳои фашистиро (соли 1919 таъсис ёфт) дастгирӣ мекардагӣ шуд. Дар интихоботи соли 1921 фашистон ба Блоки миллӣ дохил ва дар парламент 35 ҷойро соҳиб шуданд. Ноябри соли 1921 Ҳизби миллии фашистӣ (ҲМФ) ташкил карда шуд. Соли 1922 ба сари ҳокимият фашистон омаданд. Диктатураи фашистии Муссолини (1922-43) низоми террористӣ ҷорӣ кард. Аз соли 1926 ҳамаи ҳизбу ташкилотҳо, ғайр аз фашистӣ, манъ карда шуданд. ҲКИ (пешвоёнаш А. Грамши ва П. Толятти) сарвари муборизаи зидди фашизм гардид. Итолиёи фашистӣ ба зидди Эфиопия (Ҳабашистон) (1935-36) ва Албания (1939) ҷанги истилогарона сар карда, ин мамлакатҳоро забт намуд ва ҳамроҳи Олмони фашистӣ дар интервенсияи зидди Республикаи Испания (1936-39) иштирок кард. Итолиё бо Олмони фашистӣ муоҳидаи ҳарбӣ баста, соли 1940 аз тарафи он ба Ҷанги дуюми ҷаҳонии 1939-45 дохил шуд. Октябри соли 1940 Итолиё ба Юнон, апрели 1941 ба Югославия ҳуҷум кард. 22 июни 1941 ба ИҶШС ҷанг эълон намуд. Ғалабаҳои Артиши Шӯравӣ дар ҶБВ, болоравии ҳаракати зиддифашистӣ дар мамлакат, дар Ситсилия фуровардани лашкариёни Англия ва Амрико тартиботи Муссолиниро 25 июли 1943 барҳам заданд, вале 8 сентябри 1943 Олмони фашистӣ қисми зиёди Итолиёро ишғол кард. Дар мамлакат Ҳаракати муқобилат авҷ гирифт. Нуқтаи олии ин ҳаракат, ки ба он коммунистон ва дигар ҳизбҳои зиддифашистӣ роҳбарӣ мекарданд, шӯриши умумихалқии апрели 1945 гардид. Бо амалиёти қувваҳои Муқобилат ва қӯшунҳои Англияю ИМА Итолиё озод карда шуд. Муборизаи зиддифашистӣ қувваҳои демократиро муттаҳид кард.

Президентҳои Итолиё

[вироиш | вироиши манбаъ]

Э де Никола (1.7.1946-12.5.1948), Л. Эйнаули (12.5.1948-11.5.1955), Ҷ. Гронки (11.5.1955-11.5.1962), А. Сени (11.5.1962-6.12.1964), Ҷ. Сарагат (6.12.1964-29.12.1971), Ҷ. Леоне (29.12.1971-15.6 1978), А. Пертини (15.6.1978-29.6.1985), Ф. Коссига (29.6.1985-28.4.1992), О. Л. Скалфаро (28.4.1992-15.5.1999), К. А. Чампи (15.5.1999-15.5 2006), Ҷ. Наполитано (15.5.2006-11.1.2015), С. Матарелла (аз феврали 2015).

Мақолаи асосӣ: Иқтисоди Итолиё

Итолиё дорои иқтисоде пешрафта дар низоми сармоядорӣ ва аз аъзоии муҳимми он низом аст. Аз ҷумлаи муҳиммтарин саноеъи кишвар метавон ба саноеъи филизкорӣ, мошинолот, шимиёӣ, васоили нақлия, маводди ғизоӣ ва машрубот, дӯзандагию бофандагӣ, ҳавопаймосозӣ, киштисозӣ, коркарди нафт, электирикӣ, атомӣ ва ҷангафзор ва энергияи пок ишора намуд.

Дар ин кишвар метавонад теъдоди коргарони бештаре дар бозори кор вуҷуд дошта бошад, зеро мардону занон қаблан дар синни 57-солагӣ бознишаста шудаанд ва нархи бекорӣ дар он нисбатан боло, яъне 8,2 % аст.

Кишоварзӣ талаботи мамлакатро ба хӯрокворӣ 80 % таъмин мекунад. Дар даҳсолаҳои охири асри 20 бисёр деҳқонон (асосан заминдорони хурд) хоҷагиҳоии худро тарк карда, ба соҳаи истеҳсолоти саноатӣ ва хидматрасонӣ рафтанд. Дараҷаи таҷҳизонии агротехникӣ ва маҳсулнокии кишоварзӣ дар Итолиёи Марказӣ ва хусусан Ҷанубӣ нисбат ба шимоли мамлакат хеле паст аст. Умуман дараҷаи тараққиёти кишоварзии Итолиё аз дараҷаи миёнаи аврупоӣ ақиб мондааст. Яке аз сабабҳои асосӣ ҳосилнокии пасти зироатҳои ғалладона дар ҷануби мамлакат мебошад. Танҳо 4,6 дарсади хоҷагиҳо то 20 га замин доранд. Шумораи хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ тез меафзояд; дар ин хоҷагиҳо заминро худи соҳибаш ё оилааш коркард мекунад. Хоҷагиҳои миёна ва калон дар ҳамвории Падан, Тоскана, Латсио ва ҷануби мамлакат — Апулия, Базиликат, Ситсилия ҷойгиранд. Аксарияти (86,5 %) хоҷагиҳо механиконида шудаанд. Шумораи хоҷагиҳои серсоҳа, ки ғайр аз кишоварзӣ ба агросайёҳӣ, ҳунармандӣ (истеҳсоли савғотиҳо ва ғ.), коркарди маҳсулоти худӣ машғул мешаванд, меафзояд.

Рустанипарварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асоси кишоварзӣ — рустанипарварӣ. Кишоварзии Итолиё асосан барои парвариши ток, зайтун, дарахтони ситрусӣ, мева ва сабзавот махсус гардонида шудааст. Зироатҳои асосии ғалладона: гандум, ҷуворимакка, шолӣ, ҷав. Итолиё содиркунандаи асосии биринҷ дар Аврупо мебошад. Зироатҳои анъанавии лӯбиёӣ ба ғайр аз нахӯди сабз, ки содир карда мешавад, ҳамчун хӯроки чорво истифода бурда мешаванд. Вале солҳои охир ба сабаби рушди сайёҳӣ ба кишти зироати лӯбиёӣ ҳамчун асоси бисёр таомҳои анъанавии миллӣ диққати бештар дода истодаанд. Соя барои Итолиё зироати нисбатан нав мебошад. Дар бисёр ноҳияҳои Итолиё картошка мепарваранд. Дар Итолиё сабзавоту полизиҳои гуногун (боимҷон, таррак, сукини, харбуза, сабзӣ, навъҳои гуногуни қаланфур, анганор, розиёна, навъҳои гуногуни карам ва пиёз, помидор) парвариш мекунанд. Ток ва зайтун дар хоҷагиҳои махсусгардонида парвариш карда мешаванд. Итолиё аз ҷиҳати ҷамъоварии ангур дар ҷаҳон дар ҷои 1-ум меистад. Ангур асосан барои истеҳсоли шароб истифода мешавад. Итолиё яке аз бузургтарин содиркунандагони меваҳои ситрусӣ (афлесун, лиму, мандарин, бергамот, лиметта ва ғ.) дар ҷаҳон мебошад. Дар ҳама ҷои Итолиё себ, нок, шафтолу, зардолу, гелос, анҷир ва ғ. парвариш мекунанд; бодом, чормағз, писта васеъ паҳн шудааст.

Соҳаи муҳимми содиротии кишоварзии Итолиё гулпарварӣ мебошад. Дар бисёр шаҳрҳои Итолиё намоишҳои байналмилалии гулҳо ва рустаниҳои ороиши гузаронида мешаванд. Гулҳоро дар ҳама ҷо, вале дар миқёси саноатӣ дар Лигурия парвариш мекунанд. Тамоку зироати анъанавии Итолиё аст.

Чорводорӣ дар кишоварзии Итолиё нақши дуввумараҷа дошта, асосан дар ҳамвории Падан (асосан парвариши говҳои ширдеҳ) ҷойгир аст. Барои чорводории Итолиё шаклҳои муосири ташкилӣ ва техникӣ намерасад. Бисёр хоҷагиҳо ба рақобати истеҳсолкунандагони анъанавии маҳсулоти чорводорӣ дар Иттиҳоди Аврупо тоб наоварда, аз чорводорӣ даст мекашанд. Дар ҳама ҷои Итолиё бештар мурғпарварӣ ва хукпарварӣ тараққӣ кардааст. Бисёр ф-каҳои мурғпарварӣ дар наздикии шаҳрҳо ҷойгиранд. Ноҳияҳои асосии гӯсфандпарварӣ ва бузпарварӣ — Сардиния, Ситсилия ва Калабрия. Хоҷагиҳои хукпарварӣ дар Ломбардия ва Эмилия-Романя ҷойгиранд. Моҳипарварӣ дар Итолиё суст инкишоф ёфтааст, чунки дар баҳрҳои Итолиё (ғайр аз Адриатика ва гул. Ситсилия) моҳӣ бисёр нест. Дар Итолиё асосан сардина, шӯрмоҳӣ, зағӯтамоҳӣ, самак, молюскҳо ва харчангшаклҳо шикор карда мешаванд. Дар ҳавзҳои сунъии музофоти Неапол, Таранто ва Спетсия садафак парвариш мекунанд, дар ноҳияи Триеста хоҷагии мидияпарварӣ мавҷуд аст. Дар Итолиё шикор қонунан маҳдуд карда шудааст. 800 ҳазор шикорчӣ иҷозатномаи расмӣ доранд. Баъзе хоҷагиҳои шикор тазарв ва дигар хоҷагиҳо сайдҳои нодир парвариш мекунанд.

Ин бахши иқтисодиёт 69,3 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад ва дар он беш аз 65,6 дарсади аҳолӣ кор мекунад. Дар Итолиё хидматрасонӣ бештар дар соҳаи сайёҳӣ, бонку молия ва савдо тараққӣ кардааст. Ба рушди туризм дар мамлакат мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни меъморию таърихӣ ва табиии сершумор мусоидат мекунад. Ба Итолиё ҳар сол беш аз 40 млн сайёҳон — асосан аз Хитой (ҳар сол қариб 3 млн нафар), Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, Испания, ИМА меоянд. Дар соҳаи бонку молия 6,2 дарсади ММД ташаккул меёбад. Дар ин бахш беш аз 642 ҳазор кас кор мекунад. Соҳаи савдо яке аз бахшҳои асосии соҳаи хидматрасонӣ мебошад. Савдои чакана дорои 600 ҳазор корхона (асосан хурд) буда, дар онҳо беш аз 1 млн кас машғули кор аст. Аз солҳои 1990 шумораи нуқтаҳои хурди савдои чакана (бахусус маҳсулоти хӯрокворӣ) кам ва ба ҷои онҳо марказҳои калони савдо, гипермаркетҳо, супермаркетҳо сохта шуданд. Марказҳои бузургтарини савдо — «Roma Est» дар Рум, «I Gigli» дар Флоренсия ва «Panorama» дар Милан. Дар Итолиё марказҳои калони савдои хориҷӣ («Auchan», IKEA, OBI) низ фаъолият доранд.

Итолиё дорои шабакаи рушдкардаи роҳҳои автомобилгард ва р. о. мебошад. Зиёда аз 90 дарсади мусофирон ва беш аз 80 дарсади борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ кашонда мешаванд. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгард 484,7 ҳазор км (ҳама бо пӯшиши сахт). Шоҳроҳи асосии автомобилгарди Итолиё, ки аз шимол ба ҷануби мамлакат тӯл кашидааст — роҳи автомобилгарди Офтоб. Дарозии р. о. 19,4 ҳазор км (70 дарсади онҳо электириконида шудаанд). Дар Итолиё роҳҳои оҳани баландсуръати Новара — Турин, Рум — Неапол, Милан — Болония фаъолият доранд. Байни қисмҳои хушкии мамлакат ва ҷазираҳои Ситсилия ва Сардиния роҳҳои оҳани баҳрии паромӣ мавҷуданд.

Нақлиёти баҳрӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нақлиёти баҳрӣ на танҳо дар савдои берунии мамлакат, балки дар боркашонии дохилӣ (каботажӣ) нақши муҳим мебозад. Дар флоти савдои Итолиё 1/3 ҳиссаи киштиҳо танкерҳои нафткашон мебошанд. Дар Итолиё 144 бандари баҳрӣ мавҷуд аст; калонтарин бандарҳои боркашонӣ (нафткашонӣ) — Триест ва Таранто; дигар бандарҳои калони нафткашонӣ — Аугуста, Генуя, Ҷоя-Тауро, Порто-Фокси, Санта-Панаҷа, Венетсия, Ливорно, Савона, Ҷела. Бандарҳои асосии мусофиркашонӣ (қариб 1 млн мусофир дар як сол) — Мессина, Реҷо-ди-Калабрия, Неапол, Капри, Помбино, Олбия, Искя, Портоферрайо, Генуя. Бандарҳои асосии мусофиркашонии байналмилалӣ — Анкона, Бари, Неапол робитаи дохилии нимҷазираи Апеннинро бо ҷазираҳо ва дигар бандарҳои Итолиё таъмин мекунанд. Боркашонии контейнерӣ асосан дар 6 бандар ҷойгир аст: Ҷоя-Тауро, Генуя, Спетсия, Таранто, Каляри ва Ливорно. Тавассути нақлиёти ҳавоӣ қисми зиёди мусофирони байналмилалӣ ва дохилӣ кашонда мешаванд. Дар Итолиё 101 фурудгоҳ бо пӯшиши сахт мавҷуд аст. Калонтарин фурудгоҳҳои байналмилалӣ: Рум — Фюмичино, Милан — Малпенса ва Милан — Линате. Тавассути фурудгоҳҳои Рум ва Милан дар маҷмӯъ 56 дарсади мусофирон кашонда мешаванд. Дигар фурудгоҳҳои калони Итолиё: Венетсия -Тессера, Катанаия — Фонтанаросса, Неапол — Каподикино, Палермо — Пунта — Райзи, Болония — Борго-Пангигале. Дар Итолиё парвозҳои кирокашӣ (чартерӣ) хеле рушд кардааст. Дарозии хатти лӯдаҳои интиқоли нафт 6503 км, маҳсулоти нафтӣ — 2148 км, газ — 19400 км. Хатҳои асосии лӯлаҳои интиқоли нафт: Генуя — Феррера (90 км), Феррера — ағбаи Сен-Бернари Калон, баъд ба Швейсария (206 км), Феррера — Кассина-де-Пекки (68 км), Феррера — Кремона (113 км), Трекате — Феррера (43 км), Генуя — Бусалла (24 км), Куилиано — Трекате (145 км), Маргера — Мантуя (123 км), Триест — Тимау (145 км), Аугуста — Рагуза (57 км). Гази табиӣ ба шимол ва маркази Итолиё тавассути ҳудуди Австрия ворид карда мешавад; ба ҷануби Итолиё — тавассути хатти интиқоли гази Трансбаҳримиёназаминӣ (Алҷазоир — Итолиё). Дар минтақаҳои кӯҳистони Итолиё нақлиёти амудӣ рушд кардааст. Роҳҳои оҳани дандонадор, фуникулёрҳо (р. о.-и кӯҳӣ), роҳҳои симтанобии овеза бештар дар кӯҳҳои Алп паҳн шудаанд. Фуникулёрҳо дар Неапол, Генуя, Бергамо, Мондова, Биел, Катандзаро, Комо, Монтекатини-Терме, Ливорно ва дигар шаҳрҳо, 2 роҳи симтанобии овеза дар Болсано амал мекунанд. Дар Рум, Милан, Неапол, Турин, Генуя. Катания, Брешиа метрополитен вуҷуд дорад.

Тиҷорати берунӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ҳиссаи Итолиё 3,4 дарсади содирот ва 3,5 дарсади воридоти ҷаҳонӣ рост меояд. Итолиё ба хориҷа бештар таҷҳизот ва дастгоҳҳои саноатии гуногун, воситаҳои нақлиёт, маснуоти саноати металлургия ва коркарди филиззот, молҳо ва таҷҳизоти барқии гуногун, маҳсулоти саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ, аз ҷумла либосҳои мӯд, инчунин пойафзор ва дигар маснуоти чармӣ, резинӣ ва паластмассӣ, коғаз, маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад. Мамлакат аз ҷиҳати содироти пойафзор, яхдон, мебел, маҳсулоти бофандагӣ ва дузандагӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Маҳсулоти содиротиро асосан корхонаҳои шимолу ғарб ва шимолу шарқи Итолиё истеҳсол мекунанд. Итолиё аз хориҷа бештар маҳсулоти саноати мошинасозӣ (аз ҷумла воситаҳои нақлиёт), нафту газ, филиззот ва маҳсулот аз онҳо, маҳсулоти хӯрокворӣ (аз ҷумла нӯшокиҳои гуногун), молҳои бафандагию дӯзандагӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва моҳидорӣ, чарм ва маҳсулоти чармӣ ворид мекунад. Шарикони асосии савдои Итолиё: Олмон (13%-и содироти Итолиё ва 16,7%-и воридот), Фаронса (мувофиқан 11,7 % ва 9,2 %), Испания (6,1 % ва 4,1 %), ИМА, Нидерланд, Хитой, Руссия.

Дар Итолиё ба 100 ҳазор аҳолӣ 385,6 духтур, 544 ҳайати миёнаи тиббӣ, 58 дандонпизишк, 115 дорусоз, 399,6 кати беморӣ рост меояд. Барои хароҷоти соҳаи тандурустӣ 8,7 дарсади ММД сарф мешавад. Дар Итолиё се дараҷаи тандурустӣ мавҷуд аст: миллӣ (қоидаҳои ташкилӣ), минтақавӣ (ёрии тиббӣ ба аҳолии маҳаллӣ) ва маҳаллӣ (нуқтаи тамоси нахустин, беморхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ). Қоидаҳо ва ҳадафҳои тандурустии Итолиё: риояи қадру қимати одам, қонеъ гардонидани талабот ба тансиҳатӣ, баробарӣ дар гирифтани ёрии тиббӣ, ҳифзу пешгирӣ, муттафиқӣ, самарабахшии истифодаи захираҳо. Қариб 19 дарсади аҳолӣ бо суғуртаи тиббӣ фаро гирифта шудааст. Сабабҳои асосии фавти калонсолон: бемории дилу рагҳо, саратон, садама ва заҳролудшавӣ. Дар Итолиё осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои бисёри иқлимии наздисоҳилӣ (соҳили Ривера-Лигуре ва баҳри Адриатика), иқлимӣ ва иқлимии кӯҳӣ (Гарда, Комо, Кортина-дʾАмпессо, Лекко, Мадонна-ди-Кампило, Мерано, Рива-део-Гарда, Сан-Кандидо ва ғ.), гармобашифоӣ (балнеологӣ) ва иқлимию гармобашифоӣ (Абано-Терме, Аняно-Терме, Бормио, Касамиччола-Терме, Левико, Монтекатини-Терме, Сирмионе ва ғ.) мавҷуданд.

Маориф ва илм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муассисаҳои таълимӣ тобеи Вазорати маорифи Итолиё мебошанд, ба мактабҳои олии ғайридонишгоҳӣ Шӯро оид ба мероси фарҳангии миллӣ роҳбарӣ мекунад. Системаи маориф мувофиқи Қонун дар бораи ислоҳоти маориф ва низоми таълим (2003) ташкил карда шудааст ва тарбияи томактабӣ, таҳсилоти миёна ва олиро дар бар мегирад. Ба муассисаҳои томактабӣ кӯдакистонҳои шахсӣ ва боғчаҳои бачагон барои кӯдакони 3-6-сола дохил мешаванд. Дар Итолиё таҳсилоти ҳатмӣ ва ройгони кӯдакони 6-14-сола: мактаби ибтидоии 5-сола барои кӯдакони 6-11-сола, мактаби маълумоти миёнаи нопурра барои кӯдакони 11-14-сола ҷорӣ карда шудааст. Аз соли 2006 гузариш ба барномаи 12-солаи маълумоти ҳатмии мактабӣ сар шуд. Маълумоти миёнаи пурраро барои талабагони 15-19-сола мактабҳо (литсейҳо)-и 5-солаи таҳсилоти умумии (академии) гуманитарӣ, табиию илмӣ, омӯзгорӣ ва санъат, инчунин омӯзишгоҳҳои техникӣ ва мақтабҳои касбии гуногун таъмин мекунанд. Маълумоти олиро донишгоҳҳои давлатӣ (беш аз 50 донишгоҳи классикӣ) ва донишгоҳҳои хусусӣ (бузургтаринашон — Донишгоҳи католикӣ дар Милан), инчунии мактабҳои олии ғайридонишгоҳӣ (институтҳои политехникӣ, коллеҷҳо, академияҳо, консерваторияҳо ва институтҳои санъат) медиҳанд. Дар Итолиё қадимтарин донишгоҳҳо мавҷуданд, ки то соли 1600 ташкил карда шудаанд: дар Болония (асри 11), Парма (962), Моден (1175), Перуҷа (1200), Паду (1222), Неапол (1224), Сиен (1240), Мачерат (1290), Рум (1303), Флоренсия (1321), Камерино (1336). Аиза (1343), Павия (1361). Ферраре (1391), Катания (1434) ва ғ.

Ба фаъолияти илмӣ дар баробари институтҳои давлатии таҳқиқоти илмии назди вазоратҳо ва ширкатҳои калони саноатӣ донишгоҳҳо низ машғуланд. Фаъолияти муассисаҳои илмии давлатиро Шӯрои илмӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ (1923) ба ҳамдигар мувофиқ мекунад. Инкишофи таҳқиқоти илмиро фондҳои гуногун дастгирӣ мекунанд: Фонди таҳқиқоти амалӣ, Фонди инноватсияҳои технологӣ, Фонди ба номи Э. Маттеи ва ғ. Аз охири солҳои 1990 дар Итолиё инфрасохтори паркҳои технологӣ ташкил карда шуд, ки иқтидорҳои зеҳнии 40 институти таҳқиқоти илмиро муттаҳид месозад. Дар Итолиё зиёда аз 200 академия ва муассисаҳои фарҳангӣ мавҷуданд. Бузургтарин муассисаҳои илмии Итолиё: дар Рум — Академияи миллии Сан-Лука (асри 14), Академияи миллии Санта-Чечилия (1956), Академияи миллии деи Линчеи (1603), Ҷамъияти миллии Данте Алигери (1889; ба омӯзиши забон ва фарҳанги итолиёӣ берун аз ҳудуди Итолиё ёрӣ мерасонад), Институти миллии геофизика ва вулканшиносӣ (1936), Институти миллии физикаи ҳастаӣ (1951); дар Болония — АИ (1711); дар Турин — АИ (1783), Институти миллии электротехникии ба номи Г. Ферарис (1934); дар Флоренсия — Академияи забони итолиёии Круск (1583); дар Милан — Институти илм ва адабиёти Ломбардия (1802); дар Манту — Академияи илм, адабиёт ва санъати Виргилия (асри 17, номи ҳозирааш аз соли 1981); дар Палермо — Академияи илм, адабиёт ва саноеи нафиса. Бисёр мамлакатҳои аврупоӣ ва амрикоӣ дар Итолиё академияҳои худро ташкил кардаанд (мас.. дар Рум — Академияи Фаронса, 1966; Академияи Амрико, 1894; Академияи Белгия, 1939), дар Флоренсия, Болония, Неапол, Рум, Милан, Турин институтҳои хориҷӣ (бахусус дар соҳаи санъат ва бостоншиносӣ) мавҷуданд.

Китобхонаҳои калон: Алессандрия (1806), Сан-Доменико (1218) Кардуччи (1907) — ҳар ду дар Болония; Лауренсиана — дар Флоренсия (1571), Амброзиана — дар Милан (1607), Анҷело Маи — дар Бергамо (1760); китобхонаҳои миллӣ — дар Флоренсия (1747), Милан (1770), Неапол (1804), Рум (1876) ва дигар шаҳрҳо. Музейҳои асосӣ: Музейи католикӣ (1471), нигористони Боргезе, Музейи миллии Рум (1889), Вилла Ҷулия, нигористони Дория-Памфили, нигористони Паллавичинн — ҳама дар Рум; нигористони Уффими (1581) ва нигористони Палассо Питти (1914) — дар Флоренсия; Пинакотекаи Амброзиана (1618), Пинакотекаи Брера (1809), Музейи Полди-Пессоли (1881), Музейи миллии илм ва техникаи Леонардо да Винчи (1953) — ҳама дар Милан; Пинакотекаи миллӣ дар Болония (1808); нигористони Академияи Каррара (1796) ва Хона-музейи Г. Донитсетти дар Бергамо (1897); музейҳои бостоншиносӣ дар Неапол (асри 18), Парма (1760), Флоренсия (1870), Болония (1881), Неруҷа (1948) ва дигар шаҳрҳо.

Мақолаи асосӣ: Адабиёти Итолиё

Машҳуртарин нависандаи итолиёӣ Данте Алигйери, созандаи «Мазҳакаи Илоҳӣ» мебошад. Инчунин машоҳири ҷаҳон: Франческо Петрарка, Ҷованни Боккаччо, Никколо Макиавелли, Карло Коллоди, Ҷанни Родари, Умберто Эко. Шаш нависандаи итолиёӣ барандаи Ҷоизаи Нобел шуданд: Ҷозуэ Кардуччи (1906), Гразия Деледда (1926), Луиҷи Пиранделло (1934), Салваторе Квазимодо (1959), Эженио Монтале (1975), Дарио Фо (1997).

Фарҳангу ҳунар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қадимтарин ёдгориҳои санъати Итолиё ба давраҳои палеолит ва неолит тааллуқ доранд (тасвирҳои рӯисангӣ дар Апулия, пайкараҳои сангии маросимӣ аз Эмилия ва Лигурия, зарфҳои сафолӣ). Дар асри биринҷӣ зери таъсири маданияти критомикен ҳайкалчаҳои биринҷии худоҳо ва ҷанговарон пайдо шуданд. Маданияти терамар низ ба ҳамин давра тааллуқ дорад, ки аз он зарфҳои сафолӣ, устадонҳо ва ҳайкалчаҳо боқӣ мондаанд. Дар асри оҳан (асри 10 то м.) ба ном маданияти Виллановҳо (асрҳои 9-5 то м.) инкишоф ёфт, ки хусусияти хосси он кулбаҳои гилии бомашон хаспӯш, устадонҳои гилӣ дар намуди коза, сагаки тасма ва зарфҳои биринҷӣ буд. Дар асрҳои 8-2 то м. маданияти этрускҳо хеле рушд кард, ки меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, деворнигорӣ ва сафололоти нақшини он ба Румиҳо таъсир расонидааст. Дар ҷануби Итолиё — дар ҷазираи Ситсилия, н. Неапол ва Пестума ёдгориҳои Юнони Бузург — маъбадҳо, ҳайкалҳо, тасвирҳои дафнӣ ва сафололот (асрҳои 8-6 то м.) боқӣ мондаанд. Дар асрҳои 5-3 нимҷазираи Апеннинро Румиҳо забт намуданд, ки ин боиси ташаккули фарҳанг ва санъати Руми Қадим гардид. Санъати Руми Қадим, ки ҳамчун анъанаи бадеии миллӣ қабул карда шуд, барои ташаккули фарҳанг ва санъати Итолиё замина гузошт. Санъати асримиёнагии Итолиё дар даруни фарҳанги атиқии баъдӣ ташаккул ёфт. Зери таъсири Шарқи насронӣ силсилаи образноки тасвирҳои мазҳабӣ (динӣ) сохта шуданд, ки дар мисоли тасвири ғорҳо (хонаҳои зеризаминӣ) — дахмаҳои зеризаминии ҷамоаҳои қадими насрониҳо, ки дар Рум боқӣ мондаанд, ороишоти ҳайкалмонанди сари қабр ва дахмаҳо дидан мумкин аст. Тадриҷан силсилаи ороишоти образнок ва иконографии биноҳои мазҳабӣ ва ёдбудӣ (ғорҳои Каллиста ва Себястани Муқаддас дар Рум) ташаккул меёбад. Бо пошхӯрии империяи Рум ва ҳамчун дини давлатӣ қабул шудани дини насронӣ (асрҳои 5-6) санъати асримиёнагии Итолиё инкишоф ёфт, ки ҳам ба анъанаҳои атиқӣ (асосан дар меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ) асос ёфта буд ва ҳам ба шаклҳои бештар тараққикардаи санъати калисоии Византия майл дошт.

Дар асрҳои 4-6 дар Рум ва дигар шаҳрҳои Итолиё (Равенн, Милан, Неапол ва ғ.) биноҳои мазҳабии бузург сохта шуданд, ки барои ибодатҳои калисоӣ пешбинӣ шуда буданд: базилика ва ибодатгоҳҳои баптистии дар марказашон гунбадҳои сеқиррадошта. Тадриҷан дар Итолиё ансамбл (муҷтамаи)-ҳои майдони ҷомеъ ба вуҷуд омаданд, ки маъмулан аз калисои ҷомеи базиликашакли дорои як қатор ибодатхонаи баптистӣ ва ноқусхона иборат буданд (базиликаи Санта Ҷованни ин Латерано дар Рум, майдони ҷомеъ дар Парма, Флоренсия ва ғ.). Базиликаҳои ибтидоии насронии Рум бо тасвирҳо ва ҳайкалҳои сершумор оро дода шудаанд, ки аз қасрҳои императорон камӣ надоранд (базиликаҳои Сан Петро, Сан Паоло фуори ля Мура, Сан Лоренсо фуори ля Мура, Санта Мария Маҷоре). Мувофиқи анъанаи аз Шарқ омада маъбадҳо бо кошиҳои аз шишарезаҳои рангин (Санта Мария Маҷоре, калисои Санта Пуденсиана дар Рум) ва сангҳои ранга (Санта Крстанса дар Рум) сохташуда оро дода мешуданд. Зери таъсири Византия санъати хотамкорӣ дар Равен хеле тараққӣ кард (мақбараи Галли Пладитсия, калисоҳои Сан Витале ва Сан Аполлинаре ин Классе ва ғ.). Дар асрҳои 7-10 рушди санъати Итолиё аз таъсироти беруна сахт вобастагӣ дошт. Меъмории Ломбардия бештар мустақил буд ва дар заминаи он нахустин биноҳои сабки романӣ пайдо шуданд. Дар ин ҷо калисоҳои дайрӣ ва шаҳрӣ бо крипта (хонаи зеризаминии тоқдор) дар зери меҳроб (калисои Сан Амброҷо дар Милан) ва тоқҳои чилликии равоқдор дар пӯшиши нефҳо (як қисми дохили бино, ки бо сутунҳо маҳдуд карда шудааст) сохта мешаванд, намоҳои маъбадҳо ба сифати унсурҳои ороишӣ ба шонаҳо, қаторравоқҳо ва арақаҳои ороишӣ тақсим карда шудаанд. Асрҳои 8-10 дар Рум ва шимоли Итолиё мактабҳои мустақили рассомӣ ва минётураи китобӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз ҷиҳати сабк ба «Эҳёи Каролинг» наздик буданд (деворнигораи «Меъроҷи Исо» дар калисои поёни Сан Клименте дар Рум ва ғ.). Таъсири ин сабк дар намунаи олии санъати ороиши амалии то давраи романӣ — «меҳроби тилоӣ»-и базиликаи Сан Амброҷо, ки аз чор тараф бо манзара (релеф)-ҳо, сангҳои қиматбаҳо ва эмал оро дода шудааст (асри 9, усто Волвиниус), равшан зоҳир мешавад.

Дар асри 11 — ибтидои асри 12 дар меъморӣ ва пластикаи шимоли Итолиё зери таъсири Олмон ва ҷануби Фаронса сабки романӣ устувор гардида, дар асри 12 дар Тоскана ва ҷануби Итолиё сабки ҳукмрон шуд. Дар ҷануби Итолиё ва Ситсилия зери таъсири Шарқи араб ва Византия сабки махсуси меъморӣ инкишоф ёфт. Сабки византиягӣ дар санъати рассомии муҳташам ва иконанигории Итолиё нақши муҳим бозидааст, аз асри 11 сар карда беҳуда сабки рассомии ин давраи Итолиёро «услуби византиягӣ» ё «услуби юнонӣ» наменоманд. Дар давраи романӣ дар Итолиё чор мактаби меъморию ҳайкалтарошӣ мавҷуд буд: дар Ломбардия, Тоскана, ҷануби Итолиё ва Венетсия. Барои меъмории романии Лобардия ва шимоли Итолиё (калисои Сан Амброҷо дар Милан, калисои Сан Дзено Маҷоре дар Верона, масҷиди ҷомеъ дар Моден) истифодаи чиниши омехтаи сангу хишт, бо ҳайкалҳо ородиҳии пештоқҳои мармарӣ, силсилатоқҳо дар намо хос аст. Дар Тоскана «сабки хотамкорӣ» (калисои Сан Миниато ал Монте ва ибодатгоҳи баптистии Сан Ҷовани дар Флоренсия) инкишоф ёфт, ки барои он хотамкории мармарии бисёррангаи намоҳо ва дохили биноҳо хос буд.

Дар меъмории романии Ситсилия омезиши нишонаҳои сабки византиягӣ, арабӣ ва нормандӣ эҳсос мешавад. Дар Ситсилия ансамблҳои муҳташами хотамкорӣ боқӣ мондаанд. Яке аз мисолҳои таъсири сабки нормандӣ дар ҷануби Итолиё базиликаи Сан Никола дар Бари (асрҳои 11-12) мебошад. Дар меъморӣ ва хотамкории Венетсия таъсири сахти сабки византиягӣ эҳсос мешавад. Калисои ҷомеи панҷгунбазаи Марки Муқаддас аз рӯи хусусияти нақша ва фазои дохилӣ калисои ҷомеи Ҳавориҳои Муқаддас дар Қустантанияро ба хотир меорад. Дар асри 13 иконанигорӣ рушд кард. «Сабки византияги»-и Пиза бо хусусиятҳои хосси худ фарқ мекард. Дар ин ҷо аз асри 13 мактаби рассомии маҳаллӣ фаъолият дошт.

Дар асрҳои 13-14 дар Итолиё готика маъмул гардид. Он дар сохт ва намуди бинои калисоҳо унсурҳои нави бисёре дохил кард. Дар инкишоф ва густариши готика иттиҳодҳои бенавоён (камбағалон) — франсисканӣ ва доминиканӣ нақши бузург бозидаанд. Намунаҳои барҷастаи меъмории сабки готика — калисои ҷомеи Франсискои Муқаддас дар Ассиз, калисоҳои Санта Мария Новелла ва Санта Кроче дар Флоренсия. Дар давраи Эҳё меъморони Итолиёгӣ (Ф. [i]Брунеллески, А. Б. Алберти ва дигарон) навъҳои қаср-ҳавлӣ (плассо), биноҳои ҷамъиятӣ ва диние бунёд карданд, ки онҳо шаклан ва услубан содаву дилрабо буданд. Дар охири асри 15 то асри 18 дар санъати Итолиё сабки барокко ҳукмрон буд. Меъморони барокко (Л. Бернини, Ф. Борромини, Г. Гварини, Ф. Ювара, Б. Лонгена ва дигарон) бисёр биноҳои дабдабаноки серороиш, рангоранг ва аҷиб офариданд. Дар нимаи 2-юми асри 18 — нимаи 1-уми асри 19 дар санъати меъмории Итолиё класситсизм ҳукмфармо буд. Намояндагони барҷастаи ин сабк: Л. Ванвители, А. Галилеи, К. Маркиони, А Аспрунчи, К. Унтербергер, Ҷ. Массари, Ҷ. А. Селви, Г. М. Паолетти, Ҷ. Пермарини. Дар нимаи 2-юми асри 19 класситсизмро равияи эклекитизм иваз намуд, ки шаклҳои классикиро бо давраи Эҳё, манеризмро бо барокко муттаҳид мекард. Барои меъмории давраи диктатураи фашистӣ (М. Пячентини) боҳашаматии образҳое, ки бар хилофи неоклассика офарида шудаанд, хос мебошад. Дар меъмории Итолиё дар баробари неоклассика ратсионализм инкишоф меёбад. Намояндагони асосии он: Ҷ. Микелуччи, Ҷ. Теранни ва Ҷ. Пагано. Дар солҳои баъдиҷангӣ меъмории Итолиё хеле рушд кард. Меъмори даҳсолаҳои охири асри 20 П. Нерви дар сохтмони иншооти бузург ғоя ва масолеҳи нави бинокорӣ ва гунбазҳоро истифода бурд, ки биноро сабуку ҷолиб карданд. Ғояи ӯро гурӯҳи меъморон бо сардории Э. Монтуори дар вокзали р. о.-и Термини (1950) дар Рум истифода бурданд, ки аз рӯи намунаи он дар дигар шаҳрҳои Аврупо вокзалҳои р. о. сохта шуданд. Ду бинои осмонбӯс — Пирелли (муҳандис П. Нерви, меъмор Ҷ. Понти, 1956-60) ва Торре Веласка (гурӯҳи меъморон, 1956-58) дар Милан бо сохти хос ва меъморию лоиҳакашии худ фарқ мекунанд. Меъмории муосири Итолиё мавқеи пешсафии худро оид ба сифати бинокорӣ ҳифз намуда, дар маҷрои равияҳои навтарин бо нигаҳдошти хусусиятҳои хосси миллӣ дар сохтор ва лоиҳакашии миллӣ тараққӣ мекунад.

Ҳунарҳои таҷассумӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
«Мона Лиза», Леонардо да Винчи, тақр. 1503

Санъати тасвирии асрҳои миёнаи Итолиё, ки асрҳои 8-11 ба вуҷуд омада буд, асосан ба намунаҳои атиқа такя мекард. Дар Венетсия ва Ситсилия хотамкориҳо эҷод карда мешуданд, ки ба санъати Византия наздик буданд.. Дар нимаи 2-юми асри 13 — ибтидои асри 14 дар санъати Флоренсия, Пиза, Сиена тамоюли реалистонаи дунявӣ (ҳайкалтарошон Николло ва Ҷовании Пизано, рассомон П. Каваллини, Дуччо, Ҷотто) ба вуҷуд омад. Санъати давраи Эҳё, ки охирҳои асри 15 — ибтидои асри 16 ба авҷи нашъунамо расид, аз тамоюли шартии асримиёнагӣ даст кашида, ба одам ва табиат аз нуқтаи назари илм омӯхтани қонунмандии манзараи табиат, анатомия, оптика ва ғ. рӯ овард. Идеали шахсияти озодро (ҳайкалтарошон Н. Донателло, Л. Гиберти, А. Верокко, рассомон А. Мазаччо, Д. Гирландайо, С. Ботичелли, Перра делла Франческа, А. Мантеня, Ҷованни Беллини) тарғиб мекард. Дар охирҳои асри 15 — аввали асри 16 санъатти олии давраи Эҳё ташаккул ёфт, ки он ба маданияти Аврупо таъсири бағоят бузург расонд. Дар ин давра Леонардо да Винчи, Б. Микеланҷело, С. Рафаэл, Б. Ҷорчоне, В. Титсиан, П. Веронезе, Я. Тинторетто, А. А. Корреҷо барин ҳайкалтарошону рассомони барҷаста ба арсаи санъат баромаданд, ки асарҳои офаридаи онҳо тамошобинонро бо возеҳию нафосати худ ба ҳайрат меандозанд. Аз чоряки 2-юми асри 16 ба маданияти Итолиё санъати ба дараҷаи назокат расонидашудаи субъективӣ (ҳайкалтарош Б. Челлини, рассомон Я. Понтормо, Ф. Пармиҷанино. А. Бронзино) хос мебошад. Аз асри 16 то асри 18 дар Итолиё санъати барокко ҳукмрон буд. Дар асри 18 нишонаҳои класситсизм пайдо шуд, ки он дар арафаи асри 19 ҷараёни асосӣ гардид. Дар асри 19 ҷои романтизмро санъати релистии маишӣ ва пейзаж гирифт. Дар асри 20 ҷараёни формалистии футуризм паҳн шуд, ки он ба сюрреализм, санъати абстракт наздик аст. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷараёни реализми нав ба майдон омад, бисёр намояндагони ин ҷараён эҷодиёти худро ба мубориза баҳри сулҳу амният ва пешрафти иҷтимоӣ (рассом Р. Гутуззо, ҳайкалтарош М. Мадзакурати) алоқаманд намуданд. Дар охири асри 20 — аввали асри 21 санъати итолиёӣ тамоюлҳои барои саҳнаи санъати ҷаҳонӣ хосси консептуализми нав: истифодаи васеи имкониятҳои суратгирӣ, кандакории рӯи санг, видео-арт ва санъати пайкарасозиро инъикос мекард.

Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи варзиши Итолиё соли 1908 ташкил ва соли 1913 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф карда шудааст. Варзишгарони Итолиё дар тамоми (ғайр аз соли 1904) Олимпиадаҳои тобистона ва аз соли 1924 дар Олимпиадаҳои зимистона ширкат меварзанд. Дар Итолиё соли 1960 (дар Рум) Бозиҳои олимпии тобистона, солҳои 1956 (дар Кортина-д' Ампессо) ва 2006 (Турин) Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардиданд. Варзишгарони Итолиё дар Олимпиадаҳои тобистонаи солҳои 1900—2012 соҳиби 198 медали тило, 166 медали нуқра, 185 медали биринҷӣ ва дар Бозиҳои олимпии зимистонаи солҳои 1924—2018 соҳиби 40 медали тило, 36 медали нуқра, 48 медали биринҷӣ (ҷамъ 673 медал) шудаанд. Намудҳои маъмултарини варзиш дар Итолиё: футбол, баскетбол, волейбол, велосипедронӣ, теннис, пойгаи автомобилронӣ ва пойгаи мототсиклронӣ. Тими мунтахаби футболи Итолиё яке аз пурқувваттарин тимҳои ҷаҳон мебошад; вай 18 бор (аз соли 1934) дар чемпионатҳои ҷаҳон ва 6 бор (аз соли 1968) дар чемпионатҳои Аврупо иштирок кардааст. Солҳои 1934, 1938, 1982, 2006 чемпиони ҷаҳон шудааст; солҳои 1970 ва 1994 ба давраи ниҳоии чемпионати ҷаҳон баромадааст; соли 1990 медали биринҷӣ гирифтааст. Чемпиони Аврупо — 1968, дар давраи ниҳоии чемпионати Аврупо — 2000. Чемпиони Бозиҳои олимпӣ — 1936, медали биринҷии Олимпиада — 1928, 2004. Клубҳои футболи машҳури Итолиё: «Ювентус» (Турин), «Милан» (Милан), «Интер» (Милан), «Рома» (Рим), «Латсио» (Рим), «Торино» (Турин), «Ҷеноа» (Генуя), «Фиорентина» (Флоренсия), «Наполи» (Неапол).

Дигар намудҳои машҳури варзиш дар Итолиё — баскетбол, волейбол, тӯббозӣ дар об. Тими мунтахаби мардонаи Итолиё оид ба баскетбол — дорандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ дар Афина (2004), чемпиони Аврупо (1983 ва 1999). Клубҳои баскетболи Итолиё яке аз пурқувваттарин дар Аврупо (13 бор ғолиби Ҷоми чемпионҳои Аврупо ва Лигаи Аврупо) мебошанд. Машҳуртарин баскетболбози Итолиё — Д. Менгин (ҳафт карат соҳиби Ҷоми чемпионҳои Аврупо, беҳтарин баскетболбози Аврупо дар солҳои 1980 ва 1983). Тими мунтахаби мардонаи Итолиё оид ба волейбол дорандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ (Анланта,1996 ва Афина, 2004), чемпиони ҷаҳон (1990, 1994, 1998) ва Аврупо (1989, 1993, 1995, 1999, 2003) буда, аз ҷониби Федератсияи байналмилалии волейбол беҳтарин тими садсола эътироф шудааст. Тими мунтахабаи занонаи Итолиё оид ба волейбол — чемпиони ҷаҳон (2002) ва Аврупо (2007). Тими мунтахаби Итолиё оид ба тӯббозӣ дар об — чемпиони Бозиҳои олимпӣ (Рим, 1960 ва Барселона, 1992), ҷаҳон (1978, 1994), Аврупо (1947, 1993, 1995).

Дар Итолиё мусобиқаҳои автомобилронӣ, мототсиклронӣ ва велосипедронӣ шуҳрати зиёд доранд. Дар чемпионатҳои «Формула-1» тимҳои итолиёии «Алфа Ромео» (1950-51, 1979-85), «Бенеттон» (1986—2001) ва «Феррари» (аз 1950) хуб баромад карданд. Э. Ҷ. Фарина («Алфа Ромео») ғолиби давраи аввали расмӣ (Гран-прии Британияи Кабир) ва аввалин чемпиони ҷаҳон (1950) шуд. Дар ҳайати «Феррари» А. Аскари (соли 1955 дар давраи санҷишӣ дар роҳи Монсе вафот кард) ду бор (1952, 1953) чемпиони ҷаҳон шудааст. Аз соли 1950 дар автодроми Монсе мусобиқаи Гран-прии Итолиё, дар автодроми ба номи Энсо ва Дино Ферарарии ш. Имола мусобиқаи Гран-прии Сан-Марино баргузор мешавад; соли 1957 мусобиқаи Гран-прии Пескари баргузор шуд. Автомобилрони итолиёӣ В. Росси чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон (1997—2005) мебошад. Аз соли 1909 дар Итолиё мусобиқаҳои велосипедронии «Ҷиро дʾИтолиё» баргузор мегарданд, ки дар онҳо велосипедронҳои итолиёӣ А. Бинда ва Ф. Коппи панҷборӣ ва дар аксари масофаҳо (42 бор) М. Чиполлини ғолиб омадаанд. Муштзани касбӣ П. Карнера (1906-67) аввалин чемпиони ҷаҳон (1933) дар вазни вазнин мебошад.

Дар Рум ҳар сол мусобиқаи тенниси мардонаи силсилаи «Мастерс», дар Рум ва Палермо мусобиқаи ВТА (WTA, Ассотсиатсияи тенниси занона) баргузор мешавад. Тими мунтахаби мардонаи Итолиё оид ба теннис 6 бор дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Девис (1960, 1961, 1977, 1979, 1980, 1998) ширкат варзид, вале мағлуб шуд; тими мунтахаби занонаи Итолиё оид ба теннис соли 2006 дар бозии давраи ниҳоии Ҷоми Федератсия тими Белгияро мағлуб намуда, соли 2007 бозии давраи ниҳоиро ба тими Руссия бохт. Н. Петранҷели — ғолиби дукаратаи Чемпионати кушоди Фаронса.

Дар Итолиё як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба шоҳмот баргузор гардидаанд: мусобиқаи гроссмейстерҳо дар Милан (1975) ва Турин (1982), мусобиқа барои ҷои аввал дар ҷаҳон байни А. Е. Карпов — В. Л. Корчной (Мерано, 1981), Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот (Турин, 2006), мусобиқаҳои анъанавӣ дар Рум (1976-86) ва Реҷо-нел-Эмилия (аз 1958). Аввалин гроссмейстери байналмилалии Итолиё — С. Мариотти (1974); К. Бенини дар чемпионати ҷаҳон байни занҳо (Стокголм 1937) ҷои дуюмро соҳиб шуд.

Соли 1971 дар Певеро (Сардиния) аз рӯи лоиҳаи меъмори амрикоӣ Р. Трента-Ҷонса яке аз беҳтарин дар Аврупо майдони голф сохта шуд. Машҳуртарин майдонҳои голфи Итолиё: Олҷата, Вилла ДʾЭсте, Белла-Ле-Бетулле, Кастелфалфи, Монтичелло. Дар Итолиё марказҳои сершумори лижатозии кӯҳӣ мавҷуданд, ки ба инкишофи оммавии намудҳои зимистонаи варзиш мусоидат мекунанд.

Санъати мусиқии Итолиё аз маданияти Руми Қадим сарчашма гирифтааст. Дар асрҳои 13-14 болоравии санъати мусиқӣ дар Итолиё бо давраи Эҳёи бармаҳал алоқаманд мебошад. Дар давраи авҷи эҳё мусиқии Итолиё дар тамаддуни Аврупо мавқеи намоён дошт. Дар асри 16 мактаби мусиқии бисёровоза — мактаби Рум бо сарварии Палестрина, Венетсия — А. Вилларт, А. ва Ҷ. Габриелли ташаккул меёбад. Дар асрҳои 16-17 дар мусиқии дунявӣ мадригал (мадҳияи кӯтоҳи лирикӣ — А. Вилларт, Л. Маренсио, К. Монтеверди) нақши асосӣ мебозад. Дар асрҳои 16-17 оратория, кантата, кансона (Ҷ. Кариссими, А. Страделла), опера (Я. Пери, Ҷ. Каччини) ба вуҷуд меоянд. Соли1597 дар Флоренсия операи аввалин «Дафна» (Я. Пери, матни О. Ринуччини) ба саҳна гузошта шуд. Дар асри 17 операро дар тамоми Итолиё ба саҳна мегузоштагӣ шуданд. Соли 1637 дар Венетсия театри «Сан Кассиано» кушода шуд. Асрҳои 17-18 маркази санъати театрӣ ба Неапол кӯчид. Ба мактаби операи Неапол А. Скарлатти роҳбарӣ мекард. Асри 18 театрҳои опера: «Сан-Карло» дар Неапол (1737), «Ла Скала» дар Милан (1778), «Фениче» дар Венетсия (1792) ва ғ. кушода шуданд. Мусиқии инструменталӣ инкишоф ёфт. Аз асри 16, бахусус дар асрҳои 17-18 санъати уднавозӣ (Франческо да Милано, В. Галилей), арғунунавозӣ (Ҷ. Фрескобалди), клавесиннавозӣ (Дʾ Скарлатти) нашъунамо ёфта, санъати скрипканавозӣ (оҳангсоз-иҷрокунандагон А. Корелли, А. Вивалди, Ҷ. Тартини ва дигарон) аҳаммияти бузург пайдо кард. Яке аз эҷодкорони симфония Ҷ. Саммартини, устоди мусиқии симфонӣ ва камеравӣ — веолончелнавоз ва оҳангсоз Л. Боккерини буданд. Охирҳои асри 18 — аввали асри 19 оҳангсоз ва скрипканавози барҷаста — асосгузори романтизми мусиқӣ Н. Паганини ном баровард. Нашъунамои операи асри 19 бо фаъолияти Ҷ. Россини, ки дар эҷодиёти ӯ болоравии умумии фарҳанги Итолиё инъикос гардидааст, алоқаманд мебошад. Эҷодиёти В. Беллини ва Г. Донитсетти аз асарҳои романтикӣ иборат аст. Яке аз қуллаҳои операи реалистӣ эҷодиёти Ҷ. Верди мебошад. Дар охири асри 19 операи итолиёӣ услуби веризм (ҳақиқатгӯӣ) инкишоф ёфт. Шоҳкорҳои ин равия: «Шарафи деҳот»-и П. Маскани (1890), «Масхарабоз»-и Р. Леонковалло (1892), «Андрей Шене»-и У. Ҷордано (1896). Оҳангсозони бузурги ин давра, мусиқии созӣ эҷод кардаанд: Ҷ. Сгамбати ва Ҷ. Мартуччи. Хотимабахши таърихи операи классикии Итолиё — эҷодиёти Ҷ. А. Пуччини. Шоҳкорҳои ӯ: «Богема» (1896), «Тоска» (1900), «Хонум Батерфляй» (1904), «Турандот» (баъди фавти оҳангсоз намоиш дода шуд, 1926) аз рӯи ҳикояи К. Госси. Машҳуртарин устодони сабки белканто дар ин давра: Энрико Тамберлик, Анҷолина, Бозо, Барбара Маркизо, А. Патти, Анҷело Мазини, Ф. Тамано, М. Баттистини, Ҷузеппа Анселми ва дигарон. Комёбиҳои бузурги опера ба пешрафти азими маҳорати баланди сурудхонӣ вобаста аст Дар нимаи 1-уми асри 19 хоҳарон Гризи, Ҷ. Паста, Ҷ. Марио, Ҷ. Б. Рубини, нимаи 2-юми асри 19 А.Бозӣ, А. Патти, М. Баттистини, А. Мазини, Ф. Тамано, Э. Тамберлик, асри 20 А. Барби, А. Галли-Курчи, Т. дел Монте, Т. Скипа, Титта Руффо ва дигарон шуҳрат пайдо карда буданд. Дар фарҳанги мусиқии ҷаҳон дирижёр А. Тосканини, пианинонавоз ва оҳангсоз Ф. Бузони нақши бузург бозидаанд. Фаъолияти Итолиё Питсетти, Ҷ. Ф. Малитсеро, А. Казелла, қисман О. Респиги ҳам дар роҳи неокласситсизм саҳм гузоштаанд. Бузургтарин оҳангсозоги насли нав: М. Кастелнуово-Тедеско, В. Риети ва Ҷ. Менотти. Намояндагони равияҳои авангардӣ дар мусиқи Итолиё: Л. Даллапиккола, Г. Петрасси, Л. Ноно ва Л. Берио, С. Буссоти. Машҳуртарин дирижёрони асри 20: А. Тосканини, Т. Серафин, К. Секки, Г. Кантелли, В. де Сабата, К. М. Ҷулини, К. Аббадо, Р. Мути, Ҷ. Синополи, Р. Шайи. Машҳуртарин сарояндагони операи нимаи 2-юми асри 20: Т. Гобби, М. Дел Монако, Ф. Корелли, Ҷ. Ди Стефано, Р. Тебалди, Ф. Барбери, Ҷ. Симионато, Л. Паваротти, Р. Скотто, М. Френи, Ч. Бартоли, Роберто Аланя, Андреа Бочелли. Бузургтарин консерваторияҳо дар Итолиё: ба номи Мартини дар Болония (аз соли 1804), ба номи Верди дар Милан (аз 1808), ба номи Керубини дар Флоренсия (аз 1849), ба номи Марчелло дар Венетсия (аз 1877), инчунин Академия миллии «Санта-Чечилия» дар Рум, оркестри камеравии «Мумтозони Рум». Фестивалҳо ва озмунҳо (конкурсҳо)-и асосии байналмилалии Итолиё: Фестивали байналмилалии мусиқии муосир (аз 1930), «Майи мусиқии Флоренсия» (аз 1933), конкурси пианинонавозони ба номи Бузони дар Болсано (1949), конкурси ба номи Виотта дар Верчелли (1950), конкурси ба номи Казелли дар Неапол ва конкурси коллективҳои ҳамсаро (хор)-и ба номи Гвидо дар Арессо (ҳар ду аз 1952), конкурси скрипканавозони ба номи Паганини дар Генуя (аз 1954), конкурси дирижёрони академияи «Санта-Чечилия» (аз 1956), «Ҳафтаи мусиқии нав» (аз 1980), конкурси «садоҳои вердигӣ» дар Буссеио (аз 1961) ва ғ. Ҷамъиятҳои асосии мусиқӣ дар Итолиё: Корпоратсияи мусиқии нав (аз 1917), Ассотсиатсияи китобхонаҳои мусиқӣ, Ҷамъияти мусиқишиносон ва ғ. Нашриёти мусиқии «Рикорди ва К» (аз 1808) дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон филиалҳо дорад.

Театри Итолиё аз намоишҳои мазҳабии антиқӣ ва бозиҳои халқӣ маншаъ мегирад. Дар Итолиё амфитеатрҳои қадимии Колизей (рим), Арена-ди-Верона ва ғ. боқӣ мондаанд. То асри 15 намоиши асосии театрӣ мистерия буд. Дар асри 16 дар асоси шаклҳои театри халқӣ мазҳакаи бадеҳагӯӣ ба вуҷуд омад: актёрони номӣ — А. Гапассо, бародарон Т. ва Д. Мартинелли, Итолиё Андреини (асри 16), Т. Форилли, Д. Бянколлели (асри 17), А. Сакки (асри 18). Дар асри 18 Венетсия ва Рум марказҳои асосии театр буданд. Театри лӯхтак, баромадҳои дорбозони кӯчагӣ, намоишҳои ярмаркаву карнавалҳо шуҳрат пайдо карданд. Воқеаҳои инқилобии охири асри 18 ба жанри фоҷиаи қаҳрамонона шавқу мароқ пайдо кунониданд. Ҳаракати миллӣ-озодихоҳонаи (Рисорҷименто) нимаи 2-юми асри 19 ба ташаккули ҷараёни романтикӣ дар санъати театрӣ мусоидат кард. Намоёнтарин актрисаи охирҳои асри 19 — ибтидои асри 20 — Э Дузе анъанаҳои беҳтарини саҳнавии Итолиёро инкишоф медод. Э. Сиккони, Э. Новелли, Л. Беллоти-Бон, Ф. Андо, Э. ва Итолиё Граматика, Т. ди Лоренсо шуҳрат пайдо карда буданд. Дар давраи диктатураи фашистӣ (1922-43) театри Итолиё буҳрони амиқро аз сар гузаронд. Баъди сарнигун гардидани фашизм ба инкишофи санъати театр фаъолияти режиссёр Л. Висконти, инчунин режиссёр, актёр ва драматург Э. де Филиппо сабаб шуд. Дастаҳои драмавӣ, пеш аз ҳама «Сикколо-театро» дар Милан (1947) ташкил ёфтанд. Аз охирҳои солҳои 1960 дар мамлакат инчунин ба ном тетрҳои сиёсӣ амал мекарданд, ки онҳо муттасил бар зидди фашизми навбаромад, риёкорони динӣ, бюрократияи буржуазӣ баромад мекарданд. Солҳои 1960-70 вазъи театрҳое, ки аз ҷониби давлат ва ҳукумати шаҳрҳо маблағгузорӣ мешуданд, беҳтар гардид. Ба театри Итолиё насли нави актёрони авангард К. Бене, Л. Ронкони, Д. Фо, Ҷ. М. Волнте ва дигарон омаданд. Актёрҳои бузурги ин давра: Ҷ. Де Лулло, Р. Вали, В. Вортезе, Т. Карраро, Л. Бриноне, В. Марикони, М. Мелато. Нимаи 2-юми асри 20 дар таърихи театри Итолиё давраи эҳёи саҳнаороӣ буд. Сеяки охири асри 20 — ибтидои асри 21 — давраи таҷрибаҳо дар театри Итолиё Театри ҳазён (абсурд), театри бераҳмӣ, театри эпикӣ ва зеҳнӣ (экзистенсиалӣ), ҳаракати театрҳои халқӣ, театрҳои сиёсии кӯчагӣ, театрҳои умумӣ инкишоф ёфтанд. Бузургтарин режиссёрони муосири Итолиё: Ф. Тиесси, Ҷ. Б. Корсетти, М. Мартоне, М. Миссироли, М. Кастри, Г. Вачис, Л. Де Бернардинис. Актёрони намоён — Ҷ. Албертасси, А. Проклемер, П. Виллорези, А. Йонассон, М. Пополитсио, М. Риҷилло, Ҷ. Барра, Л. Мастеллоне. Дар репертуари театрҳои Итолиё асарҳои миллӣ ва классикони ҷаҳон, драматургҳои муосир дохиланд.

Балкт. Итолиё ватани театри Аврупо буда, дар давраи Эҳё ташаккул ёфтааст. Дар асрҳои 14-15 рақсҳо як қисми идҳои мардумӣ ва амалиёти калисоӣ буданд, дар дарборҳо рақсҳои базмӣ иҷро карда мешуданд. Дар асрҳои 15-16 батартибандозии онҳо сар шуд: устодони рақси дарборӣ Доменико да Пяченса, Г. Эбрео, Ф. Карозо, Ч. Негри ва дигарон аввалин китобҳои дарсӣ ва асарҳои назариявиро навиштанд. Дар охири асри 15 намоишҳои дарборӣ (мас., базми арӯсие, ки Бергонса ди Ботта соли 1489 дар Тортон баргузор кард) барпо мегардиданд. Рақсҳо ҳамчунин байни амалиётҳои песаҳои атиқӣ, дар «мазҳакаҳои мадригалӣ»-и асри 16, драмаҳои пасторалӣ (чӯпонӣ) низ иҷро карда мешуданд. Ба инкишофи рақси театрӣ мазҳакаи ниқобҳо (мазҳакаи дел арте) таъсири зиёд расонд. Дар охири асри 16 ва дар асри 17 оҳангсозон ва устодони рақси Итолиё ба Фаронса барои ширкат дар идҳои дарборӣ даъват карда шуданд. Дар ин ҷо жанри ба ном балети мазҳакавӣ ташаккул ёфт, ки баъд дар Итолиё паҳн шуд. Дар асри 17 балети дарборӣ шуҳрат пайдо кард; Ф. дʾАле солҳои 1606-37 дар Турин зиёда аз 30 намоишро ба саҳна гузошт. Дар охири асри 16 — охири асри 17 дар бисёр шаҳрҳои Итолиё театрҳои оммавӣ кушода шуданд, ки онҳо балетҳоро ба саҳна гузоштанд. Тадриҷан услуби иҷроише ба вуҷуд омад, ки аз ҷиҳати маҳорат ва фасоҳати драматикӣ аз иҷроиши фаронсавӣ фарқ мекард. Дар ин давра бисёр сулолаҳои артистони итолиёӣ — Вестрис, Талони, Паллерини, Анҷолини ва дигарон пайдо шуданд. Дар асри 18 як қатор раққосон ва устони рақси Итолиё дар хориҷи мамлакат кор карданд: Д. М. Г. Анҷолини — дар Австрия, В. Галеотти — дар Дания, А. Риналди (Фоссано), Анҷолини, Ҷ. Кансиани, Ф. Бернаделли — дар Руссия.

Давраи нави инкишофи балет дар Итолиё дар асри 19 оғоз шуд. Солҳои 1812-21 Ф. Вигано дар театри Ла Скала (Милан) намоишҳои рақсии бузург, фоҷиаҳои қаҳрамононаро ба саҳна гузошт, ки дар онҳо амалиётҳо бештар тавассути пантомимаҳо кушода мешуданд: «Отелло ё Мағрибии Венетсия», «Весталка», «Титанҳо». Дар давраи романтизм Ф. ва М. Талони шуҳрат пайдо намуданд, вале онҳо дар Итолиё кам кор карданд. Беҳтарин балетҳоро Ф. Талони дар Фаронса ва Руссия ба саҳна гузошт. Балетҳои романтикие, ки дар Итолиё ба саҳна гузошта шудаанд: гунаи «Жизел» (1843) дар таҳияи А. Кортези, таҳрири якуми «Фауст» (1848) дар таҳияи устоди рақси фаронсавӣ Ж. Перро. Соли 1813 дар Милан мактаби рақс кушода шуд, ки дар он К. Блазис дарс медод. Дар ин ҷо машҳуртарин раққосони балети давраи романтизм ва охири асри 19 Ф. Черрито, А. Феррарис, К. Розати, К. Брианса, П. Леняни таълим гирифтаанд.

Дар сеяки охири асри 19 балети Итолиё ба буҳрон гирифтор шуд. Намоишномаҳои калон таҳия намешуданд, вале мактабҳои рақс боқӣ монданд, бисёр раққосон ва раққосаҳои машҳур (В. Сукки, Леняни, Брианса, А. Дел Эра ва дигарон) дар театрҳои мамлакатҳои гуногун кор мекарданд. Машҳуртарин раққос ва омӯзгори охири асри 19 — ибтидои асри 20 — Э. Чеккетти. Дар солҳои гуногуни асри 20 дар Итолиё устодони рақси хориҷӣ кор кардаанд, аз ҷумла: аз Руссия — Л. Ф. Мясин (солҳои 1950—1960), Б. Г. Романов (1934-38 ва 1945-54), аз Маҷористон — А. Миллош (1936-75) ва дигарон. А. Миллош дар театрҳои гуногуни Итолиё дар мусиқии оҳангсозони итолиёӣ балетҳо ба саҳна гузоштааст. Дар рушди балети миллӣ фестивалҳои байналмилалии тобистона (дар Нерва, Сполето, Верона, Сиен, «Майи мусиқии Флоренсия» ва ғ.) нақши бузург бозиданд. Дар солҳои 1930-50 машҳуртарин раққосаҳо А. Радиче, Л. Новаро, О. Амати ва раққосон М. Пистони, А. Амодио буданд. Фаъолияти Фраччи, ки дар театрҳои балети машҳури мамлакатҳои гуногун баромад мекард ва дар Итолиё труппаи балети сафариро ташкил намуд, аҳаммияти бузург дорад. Дар охири асри 20 чандин труппаҳои балети мустақил ба вуҷуд омаданд: «Атербалетто», «Балети Тоскана», «Балети Милан» (1997), «Труппаи рақсии Олимпӣ» (1996). Дар онҳо намоишҳое ба саҳна гузошта мешаванд, рақси классикиро бо «рақси модерн» тавъам месозанд. Аз соли 1948 дар Рум Академияи милии рақс фаъолият дорад. Дар Флоренсия («Майи мусиқии Флоренсия», аз 1955), Нерва (аз 1955), Сполето (аз 1958) фестивалҳои байналмилалии балет баргузор мегарданд.

Солҳои 1895—1905 асосан филмҳои мустанад ба навор гирифта мешуданд. Соли 1904 аввалин ширкатҳои банаворгирандаи филмҳои бадеӣ ба вуҷуд омаданд. Солҳои 1912-13 Итолиё ба яке аз мамлакатҳои пешқадами кинематография табдил ёфт. Бештар филмҳои таърихии бардурӯғи муҳташам ба навор гирифта мешуданд: «Рӯзҳои охирини Помпей» (1913)-и М. Казерини, «Кабирия» (1914)-и Ҷ. Пастроне ва ғ. Дар баробари кинофиилмҳои шавқангез нахустин филмҳои реалистӣ пайдо шуданд: «Роҳгумзадагон дар торикӣ» (1914)-и Н. Мартолио ва «Ассунта Спина» (1915)-и Г. Серени. Дар солҳои низоми фашистӣ дар Рум Институти кинематография (1925), Маркази таҷрибавии кино (1935) ва киностудияи «La Cinecitta» (яке аз бузургтарин дар Аврупо) ташкил карда шуданд. Дар давраи истилои фашистон филмҳои иртиҷоӣ, мазҳакавӣ ва мелодрамавӣ намоиш дода мешуданд. Ҳаракати муқобилат ва озод шудани мамлакат аз юғи фашистон ҷараёни пешқадами гуманистӣ — неореализмро ба майдон овард, ки дар тамоми ҷаҳон шуҳрат пайдо кард. Дар солҳои 1945-46 яке аз мавзӯъҳои асосии кинои нави Итолиё Ҳаракати муқобилат буд. Беҳтарин филмҳои неореалистӣ ба оқибатҳои мудҳиши ҷанг — бекорӣ, беназоратии кӯдакон, рушди ғоратгарӣ, мубориза бо мафия бахшида шудаанд: «Шуша» (1946), «Дуздони велосипедҳо» (1948), «Умберто Д.» (1951)-и Де Сики; «Замин меларзад» (1948, ҷоизаи кинофестивали байналмилалӣ дар Венетсия)-и Висконти; «Шикори фоҷиавӣ» (1947), «Биринҷи талх» (1949), «Дар зери дарахтони зайтун сулҳ нест» (1950, ҷоизаи кинофестивали байналмилалӣ дар Карлови-Вари), «Рим, соати 11» (1952)-и Д. Сантис; «Бераҳмӣ» (1948)-и А. Латтуади; «Ба номи қонун» (1949), «Роҳи умед» (1950)-и П. Ҷерми; «Неапол — шаҳри миллионерҳо» (1950)-и Э. Де Филлип, мазҳакаи «Полисҳо ва дуздон» (1951)-и Стено ва М. Моничелли ва ғ. Солҳои 1950 кинои Итолиё як дараҷа таназзул кард, аммо дар айни ҳол дар ин давра ду таҳиягари боистеъдоди кино М. Антониони ва Ф. Феллини ба майдон мебароянд, ки бо номи онҳо равияи асосии кинои Итолиё муайян мегардад. Солҳои 1960 нависанда П. П. Пазолини ба сифати режиссёр кор кард. Эҷодиёти ӯ саршор аз эътирозҳои шадиди иҷтимоӣ буд: «Камбағал» (1961), «Модар Рома» (1962), «Инҷил аз Матфей» (1964). Режиссёр Моничелли дар бораи якумин корпартоӣ дар Итолиё филми «Рафиқон» (1963)-ро офарид. Аз рӯи бисёр асарҳои адабиёти муосири Итолиё филмҳо ба навор гирифта шуданд: «Солномаи оилавӣ» аз рӯи В. Пратолини (1961, реж. В. Дзурлини), «Дӯшиза Бубе» аз рӯи К. Кассоле (1963, реж. Коменчини), «Бепарвоён» аз рӯи А. Моравиа (1965, реж. Ф. Мазелли) ва ғ. Актёрон А. Маняни, Ҷ. Мазина, М. Мастрояни, Ҷ. Лоллобриҷида, К. Кардинале, М. Ватти хеле машҳур шуданд.

Дар миёнаи солҳои 1960 фоизи филмҳои тиҷоратӣ — вестернҳо, кинофилмҳои риққатовару шаҳватпарастӣ, мазҳакаҳои детективӣ хеле афзуд. Дар санъати кинои ғайритиҷоратӣ жанри мазҳакаи ҳаҷвии иҷтимоӣ, ки анъанаҳои кинои баъдиҷангии Итолиёро ҳифз менамуд, устувор гардид. Беҳтарин намунаҳои онро дар эҷодиёти режиссёрон Де Сики («Бум», 1963, «Никоҳи итолиёӣ», 1964), Ҷерми («Талоқи итолиёӣ», 1961, «Фирефташуда ва партофташуда», 1963), Д. Ризи, Э. Петри, Л. Дзампа, А. Сорди дидан мумкин аст. Нақшҳои онҳо актёрон Тото, У. Тонясси, С. Лорен ва дигаронро машҳур гардонданд. Филмҳои режиссёрони ҷавони нимаи дуввуми солҳои 1960 хусусияти анархистӣ доштанд, эътирози ҷавононро инъикос мекарданд, вале онҳо баъд ба кинематографияи тиҷоратӣ гузаштанд. Солҳои 1960-70 дар кинои Итолиё равияи пешқадам ба вуҷуд омад, ки «кинои нав» ё «кино сиёсии чап» ном гирифт. Вай асарҳои худро, ки саршор аз рӯҳияи зиддифашистӣ, зиддимустамликавӣ, демократӣ буданд, ба маҳсулорти тиҷоратӣ муқобил гузошт. Намояндагони машҳури ин равия — режиссёрҳо Э. Петри, Ф. Рози, Ҷ. Монталдо, Ҷ. Понгекорво, Б. Бертолуччи, Ҷ. Пуччини, Д. Дамиани, Феррара. Филмҳои зиддифашистиро Ф. Ванчини («Куштори Маттеотти»,1973), Лидзани («Майдони Сан-Бабила, соати 20», 1976), Э. Скола («Мо ҳамдигарро хеле дӯст медоштем», 1975) ба саҳна гузоштанд. Яке аз жанрҳои асосии кинои сиёсӣ мазҳакаи сиёсӣ ё памфлет буд: «Полковникҳоро мехоҳем!» (1973)-и Моничелли, «Моликият дигар дуздӣ нест» (1073)-и Петри ва ғ.

Дар охири солҳои 1970 — миёнаи солҳои 1980 кинематографияи Итолиё ба буҳрони дуру дароз гирифтор шуд. Тамошобинон ба кинотеатрҳо кам меомаданд, кино ба рақобат бо телевизион тоб наовард, истеҳсоли кино аз сармояи хориҷӣ вобаста шуд, шумораи кинофилмҳои шавқангези тиҷоратӣ афзуд. Филмҳои машҳури ин давра: «Шаҳри занҳо» (1980), «Киштиҳо ҳам шино мекунанд» (1983), «Ҷинҷер ва Фред» (1986)-и Феллини, «Дарахт барои кафшҳо» (1978, ҷоизаи кинофестивали байналмилалӣ дар Канн)-и Э. Олми, «Шаби Лаврентии Муқаддас» (1982, ҷоизаи кинофестивали байналмилалӣ дар Канн)-и П. ва В. Тавиани, «Тангои охирин дар Порис» (1972), «Асри бист» (1976), «Императори охирин» (1986)-и Б. Бертолуччи, «Боре дар Амрико» (1984)-и С. Леоне. Баъди аз буҳрон баромадани кино охири солҳои 1980 насли нави режиссёрон ба майдон омаданд. Филмҳои «Кинотеатри нав» «Парадизо» (1988), «Зани ношинос» (2006, ҷоизаи кинофестивали байналмилалӣ дар Маскав)-и Д. Торнаторе, «Ионае, ки дар батни наҳанг зиндагӣ кардааст» (1993)-и Р. Фаэнса, «Кадуи калон» (1993)-и Ф. Аркибути, «Соати дин» (2002)-и Белоккио, «Рабояндаи кӯдакон» (1992), «Ламерика» (1994), «Калидҳои хона» (2004)-и Ҷ. Амелио, «Зиндагӣ зебост» (1997, ҷоизаи кинофестивали байналмилалӣ дар Кан, ҷоизаи Оскар)-и Р. Бенини, «Ман наметарсам» (2003)-и Г. Салваторес, «Утоқи писар» (2001)-и Н. Моретти, «Тирезаҳои пеш» (2003)-и Ф. Озпетек, «Махлуқе дар қалб» (2005)-и К. Коменчини, «Фисқу фуҷур» (2008, Гран-Прии кинофестивали байналмилалӣ дар Кан)-и М. Гарроне, филми тарҷумаиҳолӣ дар бораи Ҷ. Андреотти «Фаттон» (2008)-и Сорентино шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд.. Дар Венетсия (аз 1932) ва Рум (аз 2006) кинофестивалҳои байналмилалӣ баргузор мегарданд.

Итолиё мамлакати қадимӣ ва дорои анъанаҳои фаровони санъати сирк мебошад. Ҳануз дар Руми Қадим дар идҳои ҷамъиятӣ ва базмҳои шаҳрвандони доро намоишҳои артистони сайёр — дорбозҳо, шуъбадабозон, акробатҳо, аспсаворон, ромгарон ва ғ. шуҳрат доштанд. Баъди пошхӯрии империя Рум дар шаҳрҳои асримиёнагӣ, бо вуҷуди таъқиботи калисо, ҳунарнамоии артистони сайёр боқӣ монд. Ҷаҳонбинии гуманистӣ, ки дар Итолиё дар давраи Эҳё устувор гардида буд, ба инкишофи санъати артистӣ мусоидат кард. Дар намоишҳои театри мазҳакаи ниқобҳо (мазҳакаи дел арте), ки унсурҳои мазҳака, акробатика ва шуъбадабозиро дар бар мегирифтанд, робита бо анъанаҳои артистони сайёр ҷой дошт. Дар Венетсия дар озмуни «меъмории зинда» артистон дар маҳорати сохтани ҳирамҳои акробатикӣ (баландиаш то 9 м, шумораи иштирокдорон — 30 кас) мусобиқа мекарданд. Дар ибтидои асри 16 дар Итолиё таҳти роҳбарии Ф. Гризо, Ч. Фиаско, А. Пинянтелли мактабҳои аспсаворӣ пайдо шуданд. Шогирдони онҳо дар Англия ва Фаронса мактабҳои аспсаворӣ кушода, барои пайдоиши сирки чобуксаворӣ замина гузоштанд. Дар охири асри 16 дар Итолиё намоиши бадеие пайдо шуд, ки балети чобуксаворӣ ном гирифт. Вай амалиётҳои драмавӣ, назм, мусиқӣ ва санъати аспсавориро муттаҳид мекард. То пайдоиши сирк артистони итолиёӣ дар ярмаркаҳои шаҳрии бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ карда, боиси пайдоиши сулолаҳои ҳунарпешагони сирк — Кярини, Феррони, Бертолетти, Дзерони, Заватта ва ғ. шуданд. Соли 1820 аз Австрия ба Итолиё труппаи сирки австриягии Х Бах омад, ки дар майдони мудаввари сирк намуди навро намоиш дод. Дар он чобуксаворони итолиёӣ Г. Чинизелли ва А. Гверра иштирок карданд. Соли 1826 Гверра труппаи сиркӣ ташкил карда, бо он дар Итолиё ва дигар мамлакатҳои Аврупо ба сафари ҳунарӣ баромад. Баътар труппаҳои сиркиро О. Филиппусси, Д. Кярини ва дигарон ташкил карданд. Дар асри 19 бисёр артистони Итолиё ба сирки дигар мамлакатҳои Аврупо асос гузоштанд. Се насли оилаи Франконҳо беш аз 50 сол ба сирки миллии Фаронса роҳбарӣ кардаанд. Дар Русия сулолаҳои Чинизелли, Трусси, Феррони, Безано баромад кардаанд ва ба ташаккули сирки Руссия таъсир расондаанд. Нахустин сирки собит (муқими)-и Руминияро Т. Сидоли сохт. Соли 1883 Чинизелли дар Варшава сирк кушод ва ба он 40 сол роҳбарӣ кард. Иқлими гарм тамоми сол имкон медиҳад, ки намоишҳо дар сиркҳои тобистона намоиш дода шаванд. Аз ибтидои асри 21 сирк дар Итолиё аз ҷониби давлат тавассути Ассотсиатсияи миллии сиркҳои Итолиё дастгирӣ карда мешавад. Дар назди он мактаби сирк амал мекунад, архиви санъати сирк дорад. Бузургтарин сиркҳо ба сулолаҳои машҳур тааллуқ доранд: «Сирк Амрикано» (Э. ва Ф. Тони), «Сирк Мойра Орфей» (В. Нонес ва М. Орфей), «Сирк Медрано» (Э. Казартелли), «Сирк нандо Орфей» (Ф. Орфей ва А. Гамбарутти), «Сирк Флорилеҷио ди Дарикс Тони» (Л. ва М. Тони), «Сирк Эмбелл Рива» (М. Белуччи), «Голден Чиркус» (П. Пристипони ва Л. Орфей), «Сирк Лидиа Тони» (Л. Тони), «Сирк Эррани» (Н. Эррани). Дар таърихи сирки ҷаҳон номи артистони итолиёӣ, ки дар инкишофи санъати сирк таъсири бузург гузоштаанд, маълум аст: дар шуъбадабозӣ -Э. Растелли, дар масхарабозӣ — бародарон Фрателлини, дар чашмбандӣ — Б. Боско, дар ромгарии аспҳо — А. ва В. Франкони, дар акробатика (бозиҳои икарӣ) — Фредиани, дар чобуксаворӣ -Фредиани, Кароли, Прозерпи. Дар Итолиё фестивалҳои байналмилаии санъати сирк баргузор мегарданд: дар Веронезе (аз 1982), Латина (аз соли 1999), Рум (аз 2000).

Дар Итолиё 90 рӯзнома нашр мешавад. Бузургтарин рӯзномаҳо: «Corriere Della Sera» (1876), «La Stampa» (1868), «La Reppublica» (1976), рӯзномаи молиявию иқтисодии «II Sole — 24 Ore» (1965), қадимтарин дар ҷаҳон рӯзномаи варзишии «La Gazzetta dello Sport» (1896), рӯзномаи католикии «Avvenire»(1968). Машҳуртарин маҷаллаҳои ҳафтавор — «Panorama» (1962) ва «LʾEspresso» (1955). Агентии миллии иттилоотии Итолиё соли 1945 ташкил карда шудааст (қароргоҳаш дар Рум). Радиошунавонии мунтазам аз соли 1924 амал мекунад, барномаҳои телевизион аз соли 1954 намоиш дода мешаванд. Дар Итолиё се шабакаи миллии радиошунавонӣ ва телевизион мавҷуд аст: «RAL I» (1954), «RAL II» (1961) ва «RAL Tre» (1979). Бузургтарин ширкати хусусии «Mediaset» (1978) ба С. Берлускони тааллуқ дошта, се шабакаи телевизиониро дар бар мегирад: «Canale 5», «Italia I», «Ret 4».


  1. Т. А. Галкина, Н. А. Красновская. Италия // Страны и народы. Научно-популярное географо-этнографическое издание в 20 томах / Редкол.: В. П. Максаковский, С. А. Токарев. — М.: Мысль, 1983. — С. 152—224. — 285 с. — (Зарубежная Европа/Южная Европа). — 180 000 экз.
  2. Central Intelligence Agency Rank Order Area. The World Factbook(пайванди дастнорас — таърих). US CIA, Washington, DC (17 октябри 2006). 3 ноябри 2006 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 май 2020.
  3. EuroStat. Area by NUTS 3 region EuroStat(англ.)(пайванди дастнорас — таърих).