Jump to content

Пеле

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол Пеле
Pelé in 2008
Маълумоти шахсӣ
Номи пурра Эдсон Арантис ду Насименту
(Edson Arantes do Nascimento)
Санаи таваллуд (1940-10-23) 23 Октябр 1940 (84 сол)
Макони таваллуд Brazil, Minas Gerais, Três Corações
Санаи вафот 29.12.2022
Макони вафот Сан-Паулу
Қад 1.73 м (5 ft 8 in)
Мавқеъ Ҳамлагар, Нимҳимоятгар
Маснад
Маснади ҷавонӣ
1953–1956 Бразилия Баcen
Маснади бошгоҳӣ*
Солҳо Даста Apps (Gls)
1956–1974 Бразилия Сантосen 638 (619)
1975–1977 New York Cosmos en 56 (31)
Умумӣ 694 (650)
Дастаи миллӣ
1957–1971  Бразилияen 92 (77)
*Миқдори бозиҳо (Apps) ва голҳо (Gls) дар маснади бошгоҳи фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад. .

Пеле (португалӣ: Pelé) номи аслиаш Эдсон Арантис ду Насименту; 23 октябри 1940, Нинас Гераис, Трес Кораcоес, Бразилия - 29 декабри 2022) — ситораи пешини тими миллии футболи Бразилия.[1] ва Сантосen:Santos FC, устураи футболи ҷаҳон, се карат қаҳрамони ҷаҳон ва шоҳи футбол дар қарни гузашта, ки бо номи Пеле (португалӣ: Pelé) шӯҳратёр гашта буд.[2]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пеле 23 октябри соли 1940 дар шаҳри Трес-Корасойеси Бразилия таваллуд шудааст. Устоди аввалини ӯ падараш буд. Падари Пеле ҳам футболбоз буд, аммо бо сабаби ҷароҳат барвақт аз футболбозӣ дур шуд ва тамоми орзуҳои худро дар фарзанди худ меҷуст. Пеле соли 1957 дар синни 16-солагӣ ба тими миллии футболи Бразилия даъват гардид ва аввалин бозии худро гузаронид. Бештари коршиносон аз ӯ ба унвони беҳтарин бозигари таърихи футбол ёд мекунанд ва соири ситораҳои футбол барои арзёбии мизони муваффақиятҳояшон бо Пеле муқоиса мешаванд. Пеле мулаққаб ба «марвориди сиёҳ» буд ва пас аз ин қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия ба унвони як ганҷи миллӣ муаррифӣ шуд. Пеле дар як соли 2021 саломатии хуб надошт ва чанд маротиба ба табибон муроҷиат намуда буд. Пеле пас аз бемории вазнину бардавом рӯзи 29 декабр, дар синни 82 солагӣ музофоти Морумби (Сан-Паулу) дар Бразилия даргузашт.[3]

Маснади бошгоҳӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар дастаи Сантос аз соли 1956 то 1974 бозӣ кард. Соли 1974 ӯ эъломи бознишастагӣ кард, аммо дар соли 1975 бо як қарордоди сесолаи ҳафт миллион долларӣ бо ширкати Ню-Йорк Космоси (New York Cosmos) Лигаи футболи ИМА шартнома баст. Ӯ пас аз ду соли ҳузур дар ин даста, соли 1977 бознишаста шуд.

Мунтахаби миллӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Пеле дар ҷавонӣ

Пеле соли 1957 дар синни 16-солагӣ ба тими миллии футболи Бразилия даъват гардид ва аввалин бозии худро гузаронид. Ӯ дар тими милли дар умум 15 сол ҳунарнамоӣ кард. Соли 1958 Пеле дар ҳайати дастаи мунтахаби Бразилия ба ҷоми ҷаҳон рафт ва дар Шветсия бори аввал бозӣ намуд. Дар бозӣ бо тими миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайати асосии тими худ дохил шуд. Дар бозии чорякфинал бо Уэлс голи ҳалкунанда зад. Дар қувваозмоии ниманиҳоӣ бо тими Фаронса хет-трик кард ва дар даври ниҳоӣ ба дарвозаи мизбонони мусобиқот ду гол зад. Пелеи 17-сола беҳтарин бозигар ва ҷавонтарин қаҳрамони таърихи чемпионатҳои ҷаҳон гардид. Баъдан ӯ дар солҳои 1962 ва 1970 низ бо тими миллии Бразилия қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон шуд. Ҳамин тавр, Пеле се карат қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон гардид ва то ҳол ӯ ягона футболбозест, ки ин дастовардро соҳиб аст.[4]

  1. Pelé
  2. Пеле – шоҳи футбол даргузашт(тоҷ.). www.asiaplustj.info (30 Декабри 2022). 12 Январ 2023 санҷида шуд.
  3. Пеле – шоҳи футбол даргузашт(тоҷ.). www.asiaplustj.info (30 Декабри 2022). 12 Январ 2023 санҷида шуд.
  4. Пеле – шоҳи футбол даргузашт(тоҷ.). www.asiaplustj.info (30 Декабри 2022). 12 Январ 2023 санҷида шуд.
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Пеле дорад